Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ ТОҲИР АЗИЗЗОДА Ба МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

24.08.2021 00:00

 
Ҳамдиёрони азиз!

Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон Иди саиди Қурбонро бо шукргузорӣ ба неъматҳои Офаридгор, озодию соҳибихтиёрӣ ва сиёсати одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил менамоянд. Аз ин хотир ҳар яки Шумо ва дар симои Шумо кулли аъзои хонаводаатонро ба муносибати Иди саиди Қурбон сидқан табрику таҳният гуфта, бароятон дар ин рӯзи муборак аз даргоҳи Худованди бузург тансиҳатию хотирҷамъӣ ва саодати зиндагиро таманно дорам. Бигзор бо иноёти Илоҳӣ рӯзгоратон хушу гуворо ва ободу осуда бошад.

Ҳамдиёрони арҷманд!

Бояд тазаккур дод, ки имрӯзҳо дар қаламрави кишвари маҳбубамон, аз ҷумла дар ноҳияи мо раванди ободкориву созандагӣ бахшида ба истиқболи шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром ҷараён дорад.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои файзборашон ба шаҳру навоҳии кишвар, хусусан вилояти Суғд 22 адад нақшаи чорабиниҳо бо фарогирии 86 банд аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ таҳия гардида, дар заминаи онҳо корбарӣ шуда истодааст.

Нақшаи чорабиниҳои мазкур фарогирии корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, аз як замин гирифтани ду се ҳосил, кор бо табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, маъракаи ниҳолшинонӣ, тарбияи кадрҳо, таъмин намудани муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия бо сару либосҳои мактабӣ ва дигар масъалаҳои муҳими марбут ба ҳаёти осоиштаи мардум равона карда шудаанд.

Ҳозирини муҳтарам!

Некӯтарин суннати марбут ба Иди саиди Қурбон ин дасти кӯмак дароз кардану хурсандиву нишот бахшидан ба хонаводаи муҳтоҷону ниёзмандон, ятимону бечорагон, барҷомондагон ва куҳансолон мебошад. Иди Қурбон бо ҳамин хусусиятҳои неку инсондӯстонааш дар миёни мардуми шарифи Тоҷикистон ва дигар мусулмонони дунё мақоми басо арзишманд дорад.

Аминам, ки мову Шумо бо дарки амиқ ва иҷрои рисолати инсонию имонии хеш ҳамдигарро ба дӯстию рафоқат, ҳамдилӣ, меҳнати ҳалол, созандагию ободкорӣ ва дигар амалҳои хайр раҳнамоию ташвиқ месозем. Барои тарбияи шоистаи фарзандон, беҳбудии рӯзгор ва ободии диёри хеш ҳамеша ҷаҳду талош менамоем.

Махсусан, дар шароити имрӯза, ки бемории сироятии коронавирус дар ҳаёти аҳли башар мушкилоти ҷиддӣ эҷод намудааст, моро лозим аст, ки гигиенаи шахсиро пурра риоя намуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, макони серодам, нуқтаҳои савдо, нақлиёти мусофиркашон, боғҳои фарҳангию фароғатӣ аз ниқоб ва маҳлулҳои антисептикӣ истифода барем. Ҳамзамон зарур аст, ки аз ширкат дар ҳар гуна чорабиниҳо, алалхусус маъракаҳои тӯю сур худдорӣ намоем, ба тозагии манзили истиқоматӣ ва муҳити атроф аҳмият диҳем, дар ҳама ҳолат масофаи иҷтимоиро риоя намоем, қоидаву тавсияҳои Вазорати тандурустии кишварро вобаста ба пешгирӣ намудани густариши сирояти коронавирус риоя намуда, дар ҳифзи солимии худ ва аҳли ҷомеа саҳм гузорем.

Бо чунин ниятҳои фарзонаву идона бори дигар ҳамаи Шумо ва кулли сокинони ноҳияро ба муносибати Иди саиди Қурбон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар кадоми Шумо ризқи фаровон, оромиву осоиш, меҳру муҳаббат ва файзу баракат орзу менамоям.

Иди саиди Қурбон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter