Ҷавононро тарбия бояд кард

 

Тавре, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаи тавсеи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди нерӯҳои созандаи кишвар, ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди тероризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ, инчунин таҳкими масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии кишвар эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Имрӯз бо тақозои давру замон дар асоси нишондодҳои давлати соҳибихтиёру озоди Тоҷикистон омӯзонидани тарбияи миллӣ дар тамоми муассисаҳои таълимии томактабӣ, мактабу муассисаҳои касбӣ ва олӣ бо муваффақият ҷори гардидааст. Ба назди онҳо вазифа гузошта шудааст, ки тамоми қувваю нерӯи ҷомеа ба шахсиятҳои ҳаматарафа инкишофёфта равона карда шавад, то ки онҳо ба бунёди давлатҳои ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявии тоҷикон дар Осиёи Марказӣ қодир бошад.Дар ҷарайёни тарбия чанд зиддиятҳоро дучор мегардем. Яке аз чунин зиддиятҳо байни талаботе, ки ба тарбиягирандагон пешниҳод карда мешавад ва омодагию дараҷаи инкишофи онҳост. Одатан талабот зиёду ҷавонон онҳоро комилан риоя карда наметавонанд. Зиддиятҳо қувваи пешбарандаи ҷараёни тарбия маҳсуб мешаванд. Онҳоро ба зиддиятҳои бер    унӣ ва дохила ҷудо кардан мумкин аст. Зиддиятҳои берунӣ дар байни қоидаҳои мавҷуда ва рафтори одамони гирду атроф намудор мегардад. Ҳодисаҳоеро ҷавонон баъзан мушоҳида менамоянд, ки ҳамсинфҳо, ҳатто калонсолон хилофи қоидаҳои одоб амал мекунанд. Мисоли дигар зиддияти берунӣ мебошад, ки ин дар байни талабаҳои берунӣ ва рафтори худи мактаббача ба чашм мерасад

Маълу аст, ки бо баланд шудани сатҳи зиндагии авзои ҷамъият, зӯр шудани таъсири ахборӣ оммавӣ, зиёд гардидани вақти холӣ, инкишофи фикрӣ, ҷисмонии падару модарон низ пеш меравад ва ин ба тарбияи фарзандон бетаъсир намемонад. Гоҳҳо ин чиз ба тарбия таъсири манфӣ мерасонад.Натанҳо муаллими синфҳои болоӣ, балке хонандагони хурдсол ҳам ба душвориҳо, каҷфаҳмиҳо дар кори тарбия дучор меояд, ки сабаби асосӣ тасаввуротҳои сохтаю бофта дар бораи ҳаёт, суханони нодурусту шарҳи ғаразноки ҳодисаҳо мебошанд, ки ин боиси пайдоиши фаҳмишҳои ноқис дар хусуси ҷамъият ва меъёрҳои ахлоқӣ мебошад.

Вале он чиз ташвишовар мебошад,ки диққати ҷавононро чизҳои қиматбаҳо ,зару,зевар автомашинаву хонаҳои боҳашамат,либосҳои камёфт ҷалб месозанд.Дар байни онҳо гоҳо мешунавед,ки “Бузург шавам,чунон коре меёбам,ки даромади калон дошта бошад,яъне табъам шоҳу худам вазир ,ҳар кореро хоҳам,иҷро мекунам”,меӯянд.Таҳлилҳо нишон медиҳанд,ки баъзе падару модарон ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии фарзандон бетарафӣ зоҳир намуда, гузашта аз ин ба поймолшавии ҳуқуқ ва озодиҳои ҷавондухтарон дар таъмини таҳсилоти баробар роҳ медиҳанд.Кам аҳмиятдодан ба ин масъалаҳо боис шудааст,ки иддае аз ҷавонони сустирода ва азҷиҳати сиёсӣ ноустувор бо иллати бекорӣ ва бешуғлӣ ба гӯруҳҳои ифротӣ шомилшуда,эътибору обрӯӣ кишварро дар арсаи байналмиллалӣ паст зада истодаанд.Бо таъсири сомонаҳои интернет,шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ иддае аз ҷавонони сусиродаву ноогоҳ бо доми тазвири гӯруҳҳои манфиатҷу афтидаи ,ба миллату Ватани худ хиёнат менамоянд,обрӯ ва мақоми мамлакатро дар арсаи байналмиллали паст мегардонанд.Онҳо ҷони худро дархатар гузошта ба хотири ваъдаҳои бардуруғ ҳаёти худро барбод медиҳанд ва волидайну наздиконашонро дар миёни ҷомеъа шармсор мегардонанд.Тайи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ ифротгароӣ бо амалҳои ғайри инсонӣ ва кирдорҳои разилона афзои сиёсии сайёраро ноором карда ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд.

Тероризим ва ифротгаройӣ яке аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеъаи ҷаҳони ба шумор рафта,боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ,расонидани зарарӣ вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ,бенизомӣ,барангангехтани низои миллии иртиҷоӣ ва динӣ гардидааст.Терроризим ва ифротгароӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеъа,махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳвари ҳаёти башарият буда,оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад.

Имрӯз ҳар як фарди ҷумҳурӣ бояд дарк намояд,ки ошкору бартараф намудани зуҳури ин гуна амалҳои номатлуб на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,ҳамчунин вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди бономуси миллат мебошад. Мо хуб дарк мекунем, ки дар як қатор давлатҳо идома доштани ҷангҳои харобиовар боиси афзоиши шумораи фирориён иҷборӣ, бекорӣ , гуруснагӣ ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсониятдар асри бисту як табдил ёфтааст. Бинобар ин тамоми қишрҳои чомеаро зарур аст, ки дар самти мубориза бар зидди тероризм ва ифротгароӣ дастҷамъона ва бе амон мубориза баранд.

Бояд ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ шаванд. Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа мо ҳама бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем.

Яке аз омилҳоие, ки ҷавонони тоҷикро тӯъмаи гуруҳҳои ифротию тундгарои исломӣ мегардонад, ин дур будани ҷавонон аз маърифати исломӣ ё бесаводии динӣ, яъне надонистани асолати исломӣ, инчунин таблиғоти шадиди гурӯҳҳои ифротӣ тавассути васоити ахбори омма, хусусан шабакаҳои интернетист, ки ин таблиғот ба муқобили арзишҳои маънавӣ ва динии мардум нигаронида шудааст. Сабаби дигар он аст, ки фаҳмиши нодурусти озодӣ, демократия боиси он гардид, ки баъзе гурӯҳҳои ҷомеа, алалхусус, баъзе ҷавонон аз паи ҳавою ҳавасҳо ва лаззатҳои моддӣ (молу сарват)ба амалҳои ношоиста  даст мезананд, ба доми фиреби фарҳангу динҳои сохтаву бегона кашида мешаванд. Мусаллам аст, ки нафарони зиёде аз сокинони Тоҷикистон, асосан ҷавонон, бо сабаби набудани ҷои кор, ба хотири таъмини ризқу рӯзии аҳли оила зодгоҳи худро тарк намуда, дар Руссия ва кишварҳои дигар кор мекунанд. Дар байни онҳо шахсоне ҳастанд, ки барои таъмини молиявии оила худ ба ҳама кор , аз ҷумла содир намудани ҷиноят ва шомил шудан ба ҳама гуна равия ва ташкилотҳои экстримистӣ иқдом менамоянд. Омӯзгорон ва волидайни муҳтарам, дар охир ман ҳаминро гуфтаниям, ки мо бояд ҳамқадаму ҳамнафаси ҷавонон бошем. Бо мақсади эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таҳдиду хатарҳои замони муосир донишҳои сиёсии ҷавононро пайваста мукаммал гардонем.

Устоди фанни педагогика ва психологияи

Колеҷҷи омӯзгории ноҳияи Мастчоҳ                   Хоҷамирова Н. Ю

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code