Ваҳдати миллиро гиромӣ дорем ва ба Ватани маҳбубамон хизмати софдилона намоем

Аз он рўзе, ки дар сарзамини нозанини мо хуршеди сулҳу ваҳдат дурахшон гардид, бисту як сол гузашт. Маҳз дар натиҷаи саъю талош, ҷонфидоию ҷонбозӣ ва ҷаҳду кўшишњои қаҳрамононаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 27 июни соли 1997 ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз – Созишномаи умумии истиќрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид.    Тасвиби ин созишнома ба ҷанги панҷсолаи шармандавору нангин ва хунини бародаркуш дар кишвари мо поён бахшид. Бинобар ин, санаи қабули созишнома ҳамчун Рўзи Ваҳдати миллӣ дар Ватани маҳбубамон ҳамасола бо шукуҳу ҷалоли беназир таҷлил мегардад. Имсол тантанаҳои идонаи умумиҷумҳуриявии Рўзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ҷашн гирифта шуд.  Бо гузашти ду даҳсола аз қабули созишномаи сулҳ мо нақши созандаи Ваҳдати миллиро дар пешрафту ободии Тоҷикистони азизамон ва таъмини беҳбудию саодати рўзгори ҳар як сокини кишвар бештару хубтар дарк мекунем, мебинем, бо тамоми ҳастӣ эҳсос менамоем ва ифтихор дорем, ки бо шарофати сулҳу субот, амнияти пойдор, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва фидокориҳои шабонарўзии Пешвои ваҳдатофари тоҷикон – Эмомалӣ Раҳмон кишвари маҳбубамон Тоҷикистон пешрафтаву неруманд гардида, ба комёбию нусратҳои бузург ноил гардида истодааст. Аз ин ҷиҳат, ба таъкиди Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некўаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад».Воқеан, Ваҳдати миллӣ беҳтарин неъмати зиндагӣ ва ҳадяи бебаҳои Офаридгор мебошад. Чунки асоси пирўзӣ ва калиди бахту саодати ҳар як мамлакат аз иттиҳоду якдилии шаҳрвандони он вобастагии амиқ дорад. Мафҳуми «ваҳдат» муқаддасу бузург аст. Зуҳури динҳои осмонӣ, аз он ҷумла дини мубини Ислом ҳам пеш аз ҳама барои ваҳдату якдилии инсонҳо, таъмини сулҳу субот дар олам иртиботи мустақим дорад. Таъкиди таълимоти қуръонии «Ҳамагӣ ба ресмони Худованд чанг занед ва ҳаргиз пароканда нашавед», «Муъминон бародарони ҳамдигаранд» равшантарин оёти ваҳдатгароёнаи Офаридгор мебошанд.Аҳамият ва зарурияти Ваҳдат дар ҷомеа ба мисли мавҷудияти Офтобу моҳу ситорагон, чор унсури ҳаёт – обу хоку оташу об, монанди ҳавои софу беғубор ва нафаси зиндагӣ мебошад. Аз ин ҷиҳат, вақте ваҳдати қавму миллат халал меёбад, дар ҷомеа мушкилоту нобасомонӣ, ихтилофу носозӣ ба миён меояд, тавре, ки алломаи бузурги Шарқ – Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ таъкид менамояд:

Риштаи ваҳдат чу қавм аз даст дод,

Сад гираҳ дар рўйи кори мо фитод.

Ҳақиқати ин гуфтаҳои Муҳаммад Иқболро мо замони ҷанги шаҳрвандӣ, ки ба сари миллат бадбахтиҳои зиёде оварда, сабаби кушта шудани беш аз 150 ҳазор шаҳрванд, гурезаву фирорӣ шудани 1 миллион сокинони мамлакат ба дигар кишварҳо гардид, беҳтару хубтар дарк намудем. Чунки ин ҷанги мудҳиши бародаркуш ба иқтисоди кишвар беш аз 10 миллиард доллар хисорот ворид кард. Дар он  теғу оташу хун хатари нобудии давлат ва парокандагии миллат ба воқиеят табдил ёфта буд. Танҳо, дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олии Тоҷикистон сарвари давлату миллат интихоб гардидани сиёсатмадори бузург ва роҳбари хирадманду ватанпараст, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қалби мардум оташи боварию умед ба ояндаи дурахшонро фурузон кард. Зеро дар ин анҷумани саодати миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон қавл доданд, ки «Ман ба Шумо сулҳ меорам». Баъдан, ин қавли худро мардона амалӣ карданд. Бо ҷасорату матонати бемисл ба кишвари Афғонистон, ба назди мухолифини сар то по мусаллаҳ шитофта, дасти сулҳу созиш дароз карданд. Пас аз нишасту музокираҳои панҷсола дар Хустдеҳу Кобул, Ашқободу Алмаато, Теҳрону Машҳад ва Бишкеку Маскав санаи масъуд барои миллат фаро расид. Рўзи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гардид. Ҷонфидоию азхудгузаштагӣ, иродаи матину муҳаббати оташини Сарвари давлат чароғи сулҳу созишро дар ҳар хонадони мардуми Тоҷикистон мунаввар кард. Бояд зикр намуд, ки Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии хирадмандонаи меъмори сулҳу оштӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи сулҳро танҳо бо Иттиҳоди нерўҳои мухолифини точик имзо кардааст, на бо роҳбарону саркардагони ТЭТ ҲНИТ. Тавре, ки ба ин маънӣ худи Пешвои сулҳофари миллат ишора намудаанд: «хотирнишон менамоям, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро рўзи 27-уми июни соли 1997 бо Иттиҳоди нерўҳои мухолифини тоҷик имзо кард.Мо ҳеҷ вақт бо ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ягон ҳуҷҷат имзо накардаем. Ин нуктаи муҳимро тамоми мардуми тоҷик бояд донанд».Аз файзу баракати таъмини Ваҳдати миллӣ дар мамлакат раванди бомаром ва пайгиронаи бунёдкорию созандагӣ вусъати бештар касб намуд. Тоҷикистон дар қатори дигар мамлакатҳои ҷаҳон соҳиби обрўю эътибори хоса гардид. Татбиқи бомарому собитқадамонаи се ҳадафи стратегӣ – ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ самараҳои дилхоҳ доданд. Дар мамлакат сохтмони Нерўгоҳи барқию обии «Сангтўда – 1» ва «Сангтўда -2», нақбҳои Истиқлолу Озодӣ, Шаҳристон, пулҳои бузург рўи дарёи Панҷ ва дигар силсиланерўгоҳҳои хурд бунёд карда шуданд. Алҳол сохтмони бузургтарин иншооти аср, ифтихори Тоҷикистон – НБО «Роғун» суръати баланд касб намуда, то охири соли равон агрегати аввали он мавриди истифода қарор мегирад. Дар давоми бисту як соли Ваҳдати миллӣ ҳазорон муассисаҳои таълимӣ, садҳо варзишгоҳҳо, корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, марказҳои бузурги савдо, хонаҳои истиқоматӣ бунёд шуда, барои мардуми шарифи кишвар хизмат карда истодаанд.Дар ин замина таваҷҷуҳ ба арзишҳои мазҳабӣ ва эҳёи расму анъанаҳои миллӣ дар мисоли таҷлили Соли бузургдошти Имоми Аъзам, нашри «Қуръони маҷид» ва дигар осори арзишманди динӣ бо забони тоҷикӣ ва қабули қонунҳо «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» афзуда, ба ин васила ваҳдати фарҳангии мардуми тоҷикро тақвият бахшид.Пешвои ваҳдатофари тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои наҷиби худ, ба мисли «Соли оби тоза», «Даҳсолаи байналмиллалии об барои ҳаёт», «Соли байналмиллалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва инак даҳсолаи нав Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар ҳалли мушкилоту муаммоҳои глобалии сайёра саҳми шоиставу беназир мегузоранд, ки ин боиси тақвияти обрўю эътибори байналмилалии Тоҷикистон гардид.Тавре, ки дар ибтидои ин навишта ёдовар шудем, имсол санаи 27 июн ҷашни умумиҷумҳуриявии Ваҳдати миллӣ дар шаҳри бостонии Конибодом бо шукўҳу шаҳомати беназир таҷлил гардид. Дар он Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомаӣ Раҳмон ширкат ва суханронӣ намуда, бори дигар аз зарурати таҳкими Ваҳдати миллӣ дар шароити кунунӣ ёдовар шуда, чунин таъкид намуданд: «Ваҳдати миллӣ ва суботу оромӣ барои мардуми мо омили бунёдии дастовардҳои навин, татбиқи нақшаҳои стратегӣ, кафили боэътимоди амнияти давлат ва ҷомеа, зербиноӣ иқтисодиёту иҷтимоиёт ва шарти асосии пешрафту ободии кишвари азизамон мебошад.Барои ноил шудан ба рўзгори босаодати мардум ва иҷрои нақшаҳои муҳимми пешрафти кишвари маҳбубамон ҳамаи мо, яъне хурду бузурги Тоҷикистон вазифадорем, ки дастовардҳои бузурги таърихиамон – истиқлолияту озодӣ ва ваҳдати миллиро гиромӣ дорем, онҳоро ҳифз намоем, ояндабину дурандеш бошем ва Ватани муқаддасмонро мисли модари азизи худ дўст дорем». Ин дастури ваҳдатгароёнаву ватандўстонаи Пешвои маҳбуби миллат бояд сармашқи фаъолият, кору пайкор ва маҳаки рўзгори мо бошад, то ҳамаи мо – сокинони мамлакат барои таҳкими пояҳои Ваҳдати миллӣ ва ободии Ватани азизамон саҳми шоиста гузорем.

Ҳоҷӣ Саидҳомид НИЁЗОВ

имомхатиби масҷиди ҷомеи

«Имом Бухорӣ»-и ноҳияи Мастчоҳ

 

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code