Пешкори созандагӣ ва мураббии маънавӣ

 

Таърих гувоҳ аст, ки донишмандон ва ходимони асили дин ба ҳайси машъалдорони маърифату озодагӣ ва мураббиёни маънавӣ аҳли ҷомеаро ба сӯйи саодату пешрафт раҳнамоӣ мекунанд. Ин тоифа мардум, ки бо таъкиди гузаштагон “бонии дину имон” ва “вориси паёмбарон” дар шароити муосир рисолати бештару сангинтарро рӯйи шонаҳои худ эҳсос мекунанд. Зеро дар ин даврони пурошӯб, ки дар он бо таъкиди Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “зиддияту рақобати абарқудратҳо барои тақсимоти неъматҳои моддӣ” рӯз аз рӯз авҷ мегирад, пеш аз ҳама бояд ходимони дин дар навбати аввал ҳушёру зирак бошанд ва бо сафои зоҳиру ботин, донишу маърифати баланд ва муҳаббату самимияти воқеӣ рисолати имонии худро анҷом диҳанд. Хушбахтона чунин ходимони асилу ҳақиқии дину мазҳаб, ки фаъолияти маънавию рӯҳонии худро бо созандагию бунёдкорӣ пайванд карда, маҳбубияти бештар ёфтаанд, кам нестанд. Яке аз чунин рӯҳониёну ходимони фозилу ватандӯст имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Имом Бухории хоҷагии Фирдавсии деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ Ҳоҷӣ Саидҳомид Ниёзов мебошанд. Ҳоҷӣ Саидҳомид Ниёзов наздик си сол инҷониб ҳамчун донишманд ва ходими дин барои равнақи мазҳаби поки аҷдодонамон – мазҳаби ҳанафӣ аз сидқи дил заҳмат мекашанд. Домуллои муҳтарам дар баробари анҷом додани умури мазҳабии мардум, ба сифати созмондиҳандаи амалҳои созандагию ободонӣ, дастгиру пуштибони ашхоси ниёзманд, воизи хушбаён маъруфият пайдо намудаанд. Эшони Саидҳомид пеш аз ҳама дар татбиқи ғояҳои созандаи Пешвои муаззами миллат дар ободии роҳу кӯчаҳо, чароғонкунии онҳо, таъмиру тармим ва бозсозии муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, баланд бардоштани маърифати солими динии насли ҷавон пайваста саҳми шоиста мегузоранд. Бо раҳнамоию раҳбаладии Ҳоҷӣ Саидҳомид ва сарҷамъии ҳамдиёрон беш аз як километр роҳи асосии хоҷагии Фирдавсии ноҳия пурра мумфарш гардида, тамоми кӯчаҳои ҳудуди ин хоҷагӣ чароғон карда шуданд, ки шабона манзараи рӯшану нурониро ба вуҷуд оварда, мисли машъали умеду ояндаи неки Ватан қалби мардумро мунаввар месозад. Айни замон бо тарғибу ташвиқ ва ҷалби маънавии домуллои иззатманд, бо дастгирию пуштибониҳои Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода тахту ҳамвор ва мумфаршкунии беш аз 10 километр роҳ, ки аз ҳудуди хоҷагии Фирдавсӣ гузашта, қисмати навбунёди хоҷагии мазкур ва деҳоти Оббурдонро бо шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Бӯстон – Чаноқ ва шаҳраки навтаъсиси Ганҷобод пайваста, мушкилоти равуои сокинонро хеле осон мегардонад, шурӯъ гардид. Дар ин амри хайри ободии роҳ, ки нишони ободии Ватан ва беҳбуди рӯзгори мардум аст, Ҳоҷӣ Саидҳомид Ниёзов ташаббускори асосӣ мебошанд. Ҳамин тавр, Ҳоҷӣ Саидҳомид Ниёзӣ бо накӯкорию фазилатмандӣ пешкори созандагӣ ва мураббии маънавии ҷавонон ҳастанд, ки дӯогӯи тандурустию дарозумрӣ ва хушбахтию хонаободии фарзандону пайвандонашон ҳастем.

 

 

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code