Маҷлиси калон бо соҳибкорон ва фаъолон дар Маcтчоҳ

Имрӯз бо иштироки Раиси ноҳия муҳтарам Азиззода Ғайрат Мулломаҳмад дар толори калони маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрӣ  бо фаъолон ва соҳибкорони ноҳия оид ба ободонӣ ва омодагӣ ба ҷашнҳои фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 23-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки тантанаҳои умумиҷумҳуриявии он тибқи ҳидояту раҳнамоии Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 дар ноҳияи Мастчоҳ баргузор мешавад, доир гардид.  Дар ин чорабинӣ  муовинони Раиси ноҳия, мудирони шуъбаҳо, соҳибкорон, ходимони дин ва собиқадорону фаъолон иштирок доштанд. Раиси ноҳия оид ба мақсади вохӯрӣ, рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ ибрози ақида намуданд. Муовини Раиси ноҳия Солеҳиён Шавкат Ҳакимзода дар бораи нақшаи омодагӣ ва чӣ корҳоро бояд ба сомон расонид, муфассал шарҳ дода, ҳозиринро барои саривақт иҷро намудани нақша даъват намуд. Инчунин сармеъмори ноҳия Амонов Муқимҷон Абдураҳмонович,  раиси кумитаи идораи замини ноҳия Рустамзода Рустам Одина ва прокурори ноҳия  Иззатуллозода Акобир Қурбон баромад намуданд. Аз толор соҳибкор Ҳомидов Зариф Мирзосаидович аз соҳибкорон даъват ба амал овард, ки дар атрофи роҳбарияти ноҳия муттаҳид гардида, баҳри сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ саҳми шоистаи худро гузоранд

 

.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code