Хабарҳо

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ ТОҲИР АЗИЗЗОДА БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

    Ҳамдиёрони азиз! Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон Иди саиди Қурбонро бо шукргузорӣ ба неъматҳои Офаридгор, озодию соҳибихтиёрӣ ва сиёсати одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил менамоянд. Аз ин хотир ҳар яки Шумо ва дар симои Шумо кулли  аъзои хонаводаатонро ба муносибати Иди саиди Қурбон  сидқан табрику таҳният… Read more ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ ТОҲИР АЗИЗЗОДА БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Чӣ гуна Нусратулло Махсум миллатро сарҷамъ кард?

14 ноябри соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон, дар ҳайати ҷумҳурии иттифоқии Ӯзбекистон таъсис ёфт. 26 ноябри он сол Кумитаи Инқилобии ин ҷумҳурӣ, бо сарварии Нусратулло Махсум Лутфуллоев бунёд гардид. Яъне, Нусратулло Махсум аввалин сарвари давлатии ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Соли 1926, дар натиҷаи интихобот кумитаҳои инқилобии (ревкомҳои) ҷумҳуриямон ба Шӯроҳо табдил дода… Read more Чӣ гуна Нусратулло Махсум миллатро сарҷамъ кард?

Корномаи Нусратулло Махсум – намунаи ибрат барои миллат

Нусратулло Махсум яке аз бузургмардони сарзамини мост, ки барои соҳибдавлат гардидани миллати тоҷик, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, озодию истиқлоли мо ҷони худро фидо кардааст. Корномаи қаҳрамони Тоҷикистон – Нусратулло Махсум, фаъолияту хизматҳои шоёни ӯ барои миллати тоҷик намунаи ибрат ва омӯзанда мебошад.

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ҷаҳони пурталотуми имрӯз Тоҷикистон, ки бо ниёзи рӯзафзун ва таъйини тадвин аз истиқлоли хеш истиқбол дорад, давлатест, ки мавҷуд аст, сиёсат дорад, майдони зиндагии хеш меҷӯяд, иқдомҳо анҷом медиҳад ва ба сӯи оянда менигарад. Истиқболи истиқлол назар ва нишонаи давлатдорӣ аст, маҳз дар ин айём мо худро мешиносем ва ҳуввияти хеш меҷӯем.

Худодод ЗАЙНИДДИН, “Оинаи Рашт” ЗАРАРДИДАГОН ТАНҲО НАМЕМОНАНД

Зилзилаи шадиде, ки имрӯз, соати 7,30-и субҳ дар кишвар ба вуқӯъ пайваст, дар минтақаи Рашт якчанд хонаҳои истиқоматӣ ва аҳолиро зарари моддиву ҷонӣ расонд.

Заминҷунбӣ дар минтақаи Рашт ХИСОРОРТ БАРТАРАФ МЕШАВАД

Зилзилаи субҳи имрӯз ба сари мардуми ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод омада хисороти ҷониву молӣ ба пай дошт. Дар натиҷа якчанд хонаи истиқоматии маҳалҳои аҳолинишин ва сокинони навоҳии мазкур зарари ҷониву молӣ диданад. Ба гуфтаи маенбаъ 4 нафар ба ҳалокат расидааст.

Заминҷунбӣ дар минтақаи Рашт

Субҳи 10-уми июли соли 2021 дар минтақаи Рашт заминларза ба вуқӯъ омад. Аз он сокинони деҳаҳои Бустон, Кули Калон ва Саричашмаи ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи н.Тоҷикобод, деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти Ҳиҷборак ва  Аскалони н.Рашт  зарари молию ҷонӣ  диданд.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад, ки соати 18:00-и рӯзи 4-уми июли соли 2021, гурӯҳи мусаллаҳи ҳаракати «Толибон» вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро бидуни амалиёти ҷангӣ ишғол намуданд.

Пресс-центр Пограничных войск ГКНБ Республики Таджикистан сообщает

Пресс-центр Пограничных войск ГКНБ Республики Таджикистан сообщает, что 4-го июля 2021 года в 18:00 часов вооружённая группа движения «Талибан» захватила без боя уезд Хохон провинции Бадахшан Исламской Республики Афганистан.