Маълумот


Ноҳияи Мастчоҳ 5 декабри соли 1929 дар қисми болооби дарёи Зарафшон ташкил ёфтааст.

Санаи 26 ноябри соли 1956 Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон дар асоси хоҳиши сокинони ноҳия, барои ба дашти Дилварзин кучонидан ва ташкили ноҳияи нав ба имзо расид.

26 декабри соли 1956 дар шаҳраки Куруқсой (имрӯза ҷамоати Обшорон) конференсияи якуми ташкилоти ҳизби коммунистии ноҳия шуда гузашт, ки дар харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо шудани боз як ноҳияи нави пахтакорро эълон намуд.

Дар аввал маркази ноҳия, деҳаи Янтоқ номида шуда, соли 1966 ба хотири даҳ солагии азхудкунии дашти Дилварзин, маркази ноҳия шаҳраки Бӯстон номгузори карда шуд.

Дар азхудкунии дашти Дилварзин зиёда аз 300 миллион сум (асъори замони шӯравӣ) маблащ сарф карда шуда, зиёда аз 30 000 гектар заминҳо аз худ карда шудаанд.

Пас аз муҳоҷират ба дашти Дилварзин азхудкунии заминҳои бекорхобида бо суръат ба роҳ монда шуд ва ин раванд се марҳиларо дар бар гирифт.

Марҳилаи аввали азхудкуни, то соли 1970 идома ёфта дар ин давра 15356 га замин аз худ карда шуд,

Марҳилаи дуюм то соли 1976 давом карда 11549 га коркад карда шуд.

Марҳилаи сеюм то соли 1985 ба роҳ монда шуда, 3397 га заминҳо азхуд карда шуданд, ки ҷамъи умумии он 30302 гектарро дар бар мегирад.

Бештар аз 90 фисади заминҳои ноҳия тавассути пойгоҳҳои обкаши обёри мешаванд. Ҳоло ба воситаи 18 насоси пуриқтидор оби дарёи Сир ба баландии 256 метр баланд бардошта шуда, парвариши зироатҳ кишоварзӣ ба роҳ монда шуда истодааст.

Масоҳати ноҳия 4712,3 километри мураббаро дар бар намуда, аҳолии он ба 1- уми январи соли 2014, 109714 нафарро ташкил медиҳад.

Ноҳия дар исми шимолии вилояти Сугд ҷойгир шуда бо ноҳияҳои Бобоҷон Гафуров ва Спитамен, ҳамчунин бо ноҳияҳои Бекобод, Бука, Пискент, шаҳрҳои Бекобод ва Олмалиқи вилояти Тошканди Ҷумҳури Узбекистон ҳамсарҳад мебошад.

Масофаи роҳи автомобилгард аз Мастчоҳ то маркази вилоят шаҳри Хуҷанд 56 км ва то пойтахти кишвар шаҳри Душанбе 360 км-ро дар бар мегирад.

Алҳол дар ноҳия ҳафт ҷамоат аз ҷумла чор ҷамоати деҳот ва се ҷамоати шаҳрак фаъолият намуда истодааст, ки инҳо мебошанд- Ҷамоатҳои деҳоти Мастчоҳ, Оббурдон, Палдорак, Навбаҳор ва Ҷамоатҳои шаҳраки Бӯстон, Обшорон ва Сугдиён.

Ноҳия асосан ноҳияи аграрӣ буда соҳаҳои пахтакорӣ, чорводорӣ, истеҳсоли щалладонагиҳо, сабзавот, полизиҳо, зироатҳои хуроки чорво ба роҳ монда шудаанд. Дар заминаи ислоҳоти соҳаи кишоварзц имрӯз 10 ассосиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ (АХД) таъсис ёфта шумораи хоҷагиҳои деҳқонии хурду калон (ҳуқуқӣ ва инфиродӣ) ба аввали соли равон 3131 ададро ташкил медиҳанд.

Тавассути истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳия тадриҷан аз ноҳияи аграрӣ ба аграриву саноати табдил ёфт. Алҳол 3 адад корхонаи паррандапарварӣ, 6 адад ташкилоти бинокорӣ, 8 адад корхонаи коркарди пахта, 4 адад корхонаи истеҳсоли равгани растанӣ, 1 адад корхонаи истеҳсоли семент, 1 адад матбаа, 1 адад корхонаи нонпазӣ ва маҳсулоҳои нонӣ, 1 адад корхонаи истеҳсоли оҳаксанг, 2 адад корхонаи истеҳсоли хишт, 145 адад нуқтаи савдо, 45 адад нуқтаи хуроки умумӣ, 45 адад мактаб, аз ҷумла 33 адад мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 10 мактаби таҳсилоти асосӣ, 2 мактаб литсей, 10 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 1 адад маркази таьсилоти иловагц, 1 адад мактаби бачагонаи санъат, 1 адад мактаби варзишӣ, 1 адад мактаби рассомӣ, 1 адад маркази таҳсилоти калонсолон, 1 адад маркази фарьангӣ, 6 адад муассисаи клубц, 18 китобхонаи оммавц, 3 коллективц халыц, 2 адад бощи фарьангиву фарощатц, 12 адад чойхона, 2 адад варзишгоҳ, 38 адад майдончаи варзишӣ, 2 адад маркази табобатц, 1 адад маркази ташхиси табобатии хусусӣ амал намуда истодаанд.

Ҳамчунин як коллеҷи кишоварзӣ, як коллеҷи омӯзгорӣ ва як литсейи касби кишоварзӣ, филиали коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд амал менамоянд, ки мутахассисони маълумоти миёнаи касбӣ тайёр менамоянд

Дар ноҳия 3246 адад хоҷагии деҳқонӣ, 11 адад муассисаи бонкӣ, 18 адад корхонаи саноатӣ, 5 адад ташкилоти сохтмонӣ, 2 адад корхонаи нақлиётӣ, 3 адад хоҷагии ҷамъиятӣ ва коллективӣ, 8 адад хоҷагии ёрирасони идораҳо, 13 адад муассисаи хизматрасонӣ, 20 адад нуқтаи фурӯши сузишворӣ, 145 адад нуқтаи савдо мавҷуд мебошанд.

Дар ноьия 107 адад кумитаи маьалла, 6 адад ҳизби сиёсӣ, ва Шӯрои ҷамъиятии ноҳия фаъолият фаъолият мекунанд.

Инчунин дар ноҳия телевизиони «Мастчоҳ» пахш мешавад. Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ бо номи «Машъал» мунтазам чоп шуда истодааст.

Муҳоҷират ба дашти Дилварзин ва таъсисёбии ноҳияи нав шӯҳрати мардуми онро хеле баланд бардошт. Деҳқонони Мастчоҳи аз чорводории куҳистон ба деҳқонони асили соҳаи пахтакорӣ дар қаламравӣ ҷумҳурӣ шинохта шуданд. Тиқи маълумотҳои мавҷуда хирмани пахтакорони ноҳия аз аввали муҳҷират ба Дилварзин зиёда аз 1,5 миллион тоннаро ташкил дода, нишондиҳандаи аз ҳама бетарин соли 1988 насибашон гардидааст, ки он 60000 тоннаро дар бар гирифта буд.

Дилварзини имрӯза даҳҳо нафар машъалонро ба майдон овард, аз ҷумла барои комёбиҳои меҳнатиашон ба Наврӯз Раҷабов, Ҳоҷи Амиров, Сафарбек Давлатов унвони олии Каҳрамони меҳнати сотсиалистӣ дода шудааст.

Пешрафти минбаъдаи ноҳия таҳти роҳьбарии ҳаррузаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ «Барномаи тараққиёти иҷтимоию итисодии ноҳияи Мастчоҳи вилояти Сугд-ро барои солҳои 2008-2015» ба тасвиб расонд, ки дар партави иҷрои ин барнома маҷмӯи зиёди корҳои ободкориву созандагӣ ба роҳ монда шуданд ва иҷрои ин барнома идома дорад.