Бар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.01.2022, №312 аз 1 январи соли 2022 маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот ба андозаи 20 фоиз ва аз 1 июли соли 2022 музди меҳнати кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои томактабӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, муассисаю ташкилотҳои соҳаи фарҳанг, соҳаҳои иҷтимоӣ ва муассисаю ташкилотҳое, ки музди меҳнаташон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудааст, ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад.