АЛИЗОДА АЪЗАМ НАВРӮЗ - Раиси ноҳияи Мастчоҳ

АЛИЗОДА АЪЗАМ НАВРӮЗ
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 17 ноябри соли 2021, №293 ба вазифаи иҷрокунандаи раиси ноҳияи Мастчоҳ таъйин карда шуд.
Ализода Аъзам Наврӯз 29 октябри соли 1982 дар деҳаи Арсовити Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ таваллуд шудааст. Таҳсилоти миёнаи умумиро дар МТМУ №26-и ноҳия гирифта, ин боргоҳро соли 1999 хатм менамояд. Пас аз хатми мактаби мазкур ҳамон сол ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шомил гашта, онро соли 2004 аз рӯи ихтисоси молия ва қарз ба поён мерасонад.
Фаъолияти корияш солҳои 2003-2004 дар ҶДММ “СТБ-Инвестбонк”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба сифати мутахассис оғоз намуда, баъдан солҳои 2004-2005 дар ин корхона ба ҳайси сардори шуъбаи асъор адои вазифа намудааст.
Солҳои 2005-2010 дар ҶСК “Аввалин бонки молиявии хурд” дар шаҳри Хуҷанд ба ҳайси корманди қарздиҳӣ кор кардааст.
Солҳои 2010-2016 сардори маркази хизматрасонии бонкии “Миллениум” буда, баъдан солҳои 2016-2018 вазифаи муовинии директор оид ба корҳои молиявии ҶДММ “Истиқлол ва КО” дар шаҳри Хуҷандро ба дӯш доштааст.
Аз соли 2018 то 17 ноябри соли 2021 сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд буд.