Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

МАСТЧОҲ: ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ ДАР 7 МОҲ БЕШ АЗ 122 ДАРСАД АФЗУДААСТ

25.08.2021 00:00

 
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Хусусан, пас аз эълон гардидани соҳаи саноат чаҳорумин ҳадафи стратегии миллии кишвар, рушди бесобиқаи он дар зарфи ду соли охир дар ноҳияи Мастчоҳ назир надорад.
Бино ба иттилои бахши рушди иқтисод ва савдои ноҳия дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати саноатикунонии босуръати кишвар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин ноҳия дар давоми 7 моҳи соли 2021 беш аз 97 млн. 700 ҳазор сомонӣ афзуда, иҷроиши он нисбати ҳамин давраи соли гузашта 17 млн. 747 ҳазор ё худ 122,2 дарсад таъмин гардидааст.
Дар ноҳияи Мастчоҳ айни замон зиёда аз 30 адад корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият мекунанд, ки ҳаҷми истеҳсолашон дар замони авҷи пандемия назаррас мебошад. Бино ба маълумотҳои бахши рушди иқтисод ва савдо, гарчанде соли гузашта авҷи пандемия ба бисёре аз корхонаи саноатӣ, хусусан, ба ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот таъсири манфии худро расонид, аммо корхонаҳо тавонистанд сифатан нақшаи истеҳсолотро таъмин намоянд. Дар ин миён бузургтарин корхонаҳои саноатии ноҳия ҶДММ “Суғдсемент” ва ҶДММ “Ангубин” фаъолияташон назаррас будааст.
Алишер Қурбонов, мудири бахши рушди иқтисод ва савдои ноҳия мегӯяд, агарчӣ имсол низ авҷи пандемияи коронавирус ба бисёре аз соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт бе таъсир набуд, аммо нишондиҳандаҳои соҳаи саноат дар Мастчоҳ нисбат ба соли қаблӣ ба маротиб афзудааст. Ба иттилои ӯ бузургтарин корхонаи саноатии ноҳия ҶДММ “Суғдсемент” дар 7 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ҳаҷми истеҳсолоташ беш аз 95 дарсад таъмин гардидааст. Корхонаҳои дигари саноатӣ низ фаъолияташон бад нест.
“Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тибқи нишондидаҳо дар соли равон хеле назаррас мебошанд. Корхонаҳои саноатии ноҳияи Мастчоҳ, хусусан, ҶДММ “Суғдсемент” дар давоми 7 моҳи соли равон 37 400 тонна семент, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 95,7%, ҶДММ “Нури Сафар” 3121,4 ҳазор дона маҳсулоти пластмассагӣ, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 96,6%, корхонаҳои коркарди пахта 1595,3 тонна нахи пахта, 3045 тонна чигит, ҶДММ “Сиандарт” 0,1 тонна ҳасиб, ҶДММ “Нури Сафар” 68,8 тонна маҳсулоти ширӣ истеҳсол намудаанд, ки нишондиҳаҳои хуб ҳастанд.”,- мегӯяд Алишер Қурбонов.
Ин ҳам дар ҳоле, ки бино ба иттилои ӯ, корхонаи азими саноатии ноҳия фабрикаи ресандагии ҶСП “Олим текстайл” ба номи “20-солагии Истиылолият”, ки ба ҶДММ “Ангубин” ивази ном кардааст, дар моҳи июли соли равон фаъолият нанамудааст. Ба гуфти ӯ ин корҳои бузурги ресандагӣ дар соли 2020 аз нав ба истеҳсолот шурӯъ карда, ба нишондиҳандаҳои хуби саноатӣ дар ин давра ноил гардидааст.
“Ин корхона (ҶДММ Ангубин) давоми соли 2020, 17 млн 089 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуд, ки дар шакли асл ба 870,36 тонна риштаи пахтагин баробар мебошад. Дар моҳи январ-июни соли равон 8297,2 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуд. Тибқи маълумотҳои оморӣ ин корхона дар моҳи июл фаъолия накардааст. Истеҳсоли маҳсулоти саноатии корхонаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 60,4%-ро дарбар мегирад.”-иброз дошт Алишер Қурбонов, мудири бахши рушди иқтисод ва савдои ноҳияи Мастчоҳ.
Нақши соҳибкорони инфиродӣ дар рушди соҳаи саноат ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра хеле назаррас аст. Агар ба маълумотҳои оморӣ назар андӯзем, истеҳсоли маҳсулоти филизӣ, нону маҳсулоти нонӣ ва инчунин равғани растанӣ ба маротиб афзудааст. Бино ба маълумотҳои оморӣ дар 7 моҳи соли равон истеҳсоли маҳсулоти филизӣ 184 метри мураббаъ (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,2 %), истеҳсоли маҳсулоти нонӣ – 74,2 тонна (нисбати соли гузашта 29,8%) ва равғани растанӣ бошад, 8,4 тонна (нисбати соли гузашта 11,6%) афзудааст.
Ин ҳам дарҳоле, ки оморҳо нишон медиҳанд, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар моҳи июли соли равон наздик ба 50 фисад кам гардидааст. Аммо дар моҳи июн бошад, корхонаҳои саноатӣ зиёда аз 15 млн. 700 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудаанд. Баъзе аз иқтисодшиносон мегӯянд, омилҳои дар моҳи июли соли 2021 наздик ба 50 фисад кам гардидани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ин гарон шудани нархи сӯзишвориҳо ва паҳн гардидани мавҷи нави коронавирус дар ноҳия будааст. Ба назари ағлаби коршиносон болоравии нархи сӯзишвориҳо на танҳо ба истеҳсоли маҳсулот бетаъсир намондааст, балки яке аз омилҳои гароншавии нархи маҳсулоти саноатӣ низ будааст. Ба гуфти онҳо арзиши баъзе аз хизматрасониҳои пулакӣ ва маҳсулоти саноатӣ беш аз 30 дарсад дар ин давра боло рафтааст.
“Қайд карданд зарур аст, ки корхонаҳои саноатии ноҳия дар моҳи июн 15 млн 785 ҳазору 300 сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Дар моҳи июл бошад, 7 млн 866 ҳазору 600 сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, яъне дар муқоиса бо моҳи июн истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 7 млн 918 ҳазор 700 сомонӣ кам мебошад.”,-мегӯяд Алишер Қурбонов.
Ба иттилои Алишер Қурбонов саҳми ҶДММ “Суғдсемент” дар ин давра дар истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар моҳи июни соли равон наздик 18 дарсадро дарбар мегирад. Вай мегӯяд “дар моҳи июни соли равон саҳми ҶДММ “Суғдсемент” 17,7%, хизматрасонии пулакӣ 22,7%, соҳибкорони инфиродӣ 1,3% ва дигар корхонаҳои хурду калон 58,3%-ро ташкил медиҳад.
Қайд кардан зарур аст, ки дар моҳи июни соли равон як корхонаи саноатӣ нав дар ҶДММ “Паррандапарварии Мастчоҳ” ба кор оғоз кардааст, ки асосан истеҳсоли он хӯрока барои мурғ, яъне “комбикорм” мебошад. Бино ба иттилои бахши рушди иқтисод ва савдои ноҳи иқтидори солонаи ин корхона 52 ҳазор тонна коркарди хӯрока барои мурғро дарбар мегирад. Ин корхона танҳо дар моҳи июли соли равон 1 млн. 678 ҳазору 500 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки дар муқоиса 21,3 дарсади ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии моҳи июлро дар бар гирифт. Яъне як худи ин корхона дар моҳи июл беш аз 20 фисади ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро таъмин кардааст.
Маълумотҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки дар ҳафт моҳи соли равон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ 97 млн. 774 ҳазору 500 сомониро ташкл додааст, ки саҳми ҶДММ “Ангубин” ва ҶДММ “Суғдсемент” 26,4 фоизи онро ташкил додаанд. Ҳамчунин дар ин давра хизматрасони пулакӣ 29,1%, соҳибкорони инфиродӣ 6,7% ва дигар корхонаҳои хурду калон 37,8 дарсадро дарбар мегирад.
Гардиши савдои чакана бошад, дар ин давра ба 178 млн. 887 ҳазору 800 сомонӣ расонида шудааст, ки ин нишондҳанда 141,8 фоизро дарбар мегирад, ки 57 млн. 748 ҳазору 300 сомонӣ зиёд мебошад. Хизматрасонии пӯлакӣ бошад, ба 25 млн. 535 ҳазору 900 сомонӣ баробар гардидааст, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104,8 фоизро ташкил додааст. Мавриди зикр аст, ки дар ноҳия аз рӯи 11 намуд хизматрасонии пӯлакӣ, аз ҷумла хизматрасонии тиббӣ, бонкӣ, коммуналӣ, техникӣ, маишӣ, нотариалӣ ва чандеи дигар ба роҳ монда шудаанд.
Фитрати ҲИКМАТ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter