МАСТЧОҲ: ИМСОЛ 3280 НАФАР ТОЛИБИЛМ БОРИ НАХУСТ БА СИНФИ ЯК МЕРАВАНД

25.08.2021 16:13

 
Имсол дар ноҳияи Мастчоҳ 3280 нафар хонанда бори нахуст ба синфи як мераванд.
Дар ин бора аз шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ ба рӯзномаи “Машъал” хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ хонандагони синфи 1-ум дар моҳи августи соли ҷорӣ барои хониши солҳои 2021-2022 номнавис шуда, дарсҳо аз 1 сенябр дар тамоми муассисаҳои таъмилӣ оғоз мегарданд.
Гуфта мешавад соли ҷорӣ 1422 нафар хонанда синфи 11-ро хатм намудаанд, ки аз инҳо 632 нафарошон духтарон будаанд.
Зиёда аз 50 фисади хатмкунандагони синф 11-и муассисаҳои таълимии ноҳия ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷатҳои худро супоридаанд, ки бештаринашон духтаронанд. Имсол тибќи квотаи президентӣ 18 нафар хонандагон ба донишгоҳҳо роҳхат гирифтаанд, ки 9 нафарони онҳо низ духтарон мебошанд,-мегўяд манбаъ.
Дар ноҳияи Мастчоҳ 47 муассисаи таълимӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 26259 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 1860 омўзгор таълим медиҳад.
Баҳодури Носир


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter