Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

МУЛЛОСОҚӢ АТОВУЛЛОЗОДА: ДАР НАВБАТИ АВВАЛ БОЯД ФАРЗАНДОНИ ХУДАМОНРО БА ХИДМАТ БИФИРИСТЕМ!

12.10.2021 10:18

 

Дирӯз 11 октябр дар ситоди
навбатии муовини аввали раиси ноҳияи Мастчоҳ Муллосоқӣ Атовуллозода масъалаи
даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ, ҷамъоварии ҳосили пахта ва иҷроиши нақшаи
обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ мавриди муҳокима ва баррасии амиқ қарор
гирифт.

Дар ситод муовинони раиси ноҳия, комиссари ҳарби
ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассиссаҳо, фаъолон, имомхатибон ва директорони
муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд.

Комиссари ноҳия Аҳадҷон Аҳмадзода вобаста ба
даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҳисобот дода зикр
намуд, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли
2021, №246 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи
хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди
1994-2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” дар ноҳия корбарӣ рафта
истодааст. Зикр гардид, ки санаи 2 октябр як гуруҳ ҷавонони синни даъватӣ ба
хидмат фиристода шуданд.

Муллосоқӣ Атовуллозода дар тақвияти суханони
комиссари ноҳия иброз дошт, ки маъракаи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ аз
ҷониби масъулон қаноатбахш нест. Атовуллозода бо таваҷҷуҳ ба ҷалби ҷавонони
ихтиёрӣ таъкид намуд, ки “мо бояд дар навбати аввал фарзандон ва хешу
пайвондони худро ба хидмат даъват кунем”.

“Ин Ватан ватани ҳар яки мо мебошад, ҳифзи марзу
буми он қарзи шаҳрвандии мо ва фарзандони мову шумост. Ҳар як ҳизматчии
давлатӣ, вакили халқ, директори мактаб ва умуман касе, ки дар ягон вазифа кору
фаъолият мекунад вазифадор ва масъул аст, ки фарзанди худ ва ё хешованди худро,
ки ба синни даъват расидаанд, бояд ба хидмати ҳарбӣ фиристанд. Мо бояд дар
навбати аввал худ намуна бошем”,-иброз дошт Муллосоқӣ Атовуллозода.
 

Дар идомаи кори ситод ҳамчунин ба масъалаи
ҷамъоварии ҳосили пахта ва иҷроиши нақшаи обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ
таваҷҷуҳ шуда, таъкид гардид, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид бояд ҳарчӣ
зудтар ҳосили пахта ҷамъоварӣ гардида, ба хирман супурда шавад.

Зикр шуд, ки кормандони ташкилоту муассисаҳо дар
рӯзҳои истироҳат ба кумаки марди деҳқон ба саҳро бароянд ва дар ҷамъоварии
ҳосили пахта саҳми худро гузоранд.

Вобаста ба иҷроиши нақшаи обуна роҳбарони ташкилоту
муассисаҳо вазифадор шуданд, ки тибқи нақшаи таҳияшуда бо нишондиҳандаҳои хуб
дар наздиктарин фурсат обунаро ҷамъбаст намоянд.

Фарҳод ҶУМЪАЗОДА,





















“Машъал”




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter