Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

ПАЁМИ ТАБРИКИИ МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ МУЛЛОСОҚӢ АТОВУЛЛОЗОДА

08.11.2021 13:30

 

 Ҳамдиёрони азиз!

 Бо камоли эҳтиром ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни 27-солагии қабули Конститутсияи мамлакат аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам табрику муборакбод гуфта, бароятон пеш аз ҳама саломатию умри дароз, бахту саодати баланд, тамоми хушиҳои зиндагӣ ва дар ҷодаи кору фаъолият пешравию комёбиҳои бузургро таманно дорам.

 Ҷашни имсолаи солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи мамлакат дар айёме баргузор шуда истодааст, ки дар саросари кишвари маҳбубамон то ҳанӯз тантанаҳои таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома дошта, мардуми шарифи Тоҷикистон бо шукргузорӣ ва ифтихори баланди ватандорӣ баҳри фардои дурахшони Ватан аз сидқи дил саъю талош намуда истодаанд.

 Истиқлолияти давлатӣ барои рушду шукуфоии ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа заминаи мусоидро фароҳам оварда, яке аз дастовардҳои шоиставу арзишманди он қабули Конститутсия ҳамчун Қонуни Асосии давлат ва шаҳкитоби бахту саодати миллат ба шумор меравад. Конститутсияи мамлакат, ки бисту ҳафт сол муқаддам бо майлу иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, монанди чароғи фурӯзони роҳи ҳаёти моро мунаввар мегардонад. Маҳз, бо қабули Конститутсия шаҳрвандони мамлакат роҳи минбаъдаи сарнавишти худ ва бунёди давлатдориро муайян намуда, дар партави аслҳои он барои Тоҷикистони соҳибихтиёру ягона, демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки дар он барои инкишофи озодона ва ҳаёти хушбахтона шароиту имкониятҳои зарурӣ фароҳам гардидааст, собитқадамона талош менамоянд.

  Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.

  Бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсия нишонаи ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандони мо нисбат ба ояндаи худ, тақдири минбаъдаи давлат ва ифодаи рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии мардум гардид.

Қабули Конститутсия имконият дод, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона карда шавад, қонунияту тартибот барқарору ҳукмрон гардад ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид ба вуҷуд оварда шавад.

     Дар Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ эътироф ва халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид.

       Аз ҷониби халқи Тоҷикистон пазируфта шудани роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ барои бунёди ҷомеаи адолатпарвар заминаҳои воқеии ҳуқуқӣ гузошт.

       Марому мақсади халқи Тоҷикистон, ҳадафҳо ва нақшаҳои стратегии давлат, ки дар Конститутсия эълон шуда буданд, дар як муддати кӯтоҳ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳон пазируфта шуданд, зеро онҳо бо арзишҳо ва ҳадафҳои ҷомеаи мутамаддини башарӣ мутобиқ мебошанд”.

         Имрӯз, бо шарофати татбиқи муқаррароти Конститутсия ва сиёсати ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат раванди босуръати созандагию бунёдкорӣ ҳар лаҳза авҷу барор тоза гирифта, мардуми сарбаланду иззатманди Тоҷикистон дастоварду комёбиҳои даврони соҳибистиқлолиро афзун ва кишвари азизи худро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд. Имсол, ба муносибати таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар тамоми деҳаву маҳалла ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат иншооти зиёди иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию таълимӣ, хизматрасонию варзишӣ, корхонаҳои саноатӣ, сехҳои истеҳсолӣ, боғу гулгаштҳои нав сохта ба истифода дода шуданд, ки симои Ватани маҳбубамонро бо ҳам зебову дилрабо ва шукуфон намуд. Дар ин радиф, зодгоҳи мову Шумо – ноҳияи Мастчоҳ низ дар партави ғамхорию меҳрубониҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва таваҷҷуҳи пайвастаи Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода басо ободу пешрафта шуда, симои маркази маъмурии ноҳия – шаҳраки Бӯстон басо назаррабо гардид. Ба истиқболи ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолият дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 600 адад иншооти таъйиноти гуногун бо маблағи беш аз 300 миллион сомонӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳамаи мову Шумо моҳи сентябри соли гузашта шоҳиди сафари пурфайзу бобарори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мастчоҳ гардидем, ки зимни он зиёда аз 50 адад иншоот мавриди баҳрамандӣ қарор гирифтанд, ки дар ифтитоҳи 17 адади он Президенти маҳбубамон бевосита ширкат варзиданд. Ҳамаи ин дастоварду комёбиҳои даврони Истиқлолият бевосита ба қабули шоҳкитоби саодату хушбахтии мардуми Тоҷикистон – Конститутсия мамлакат робитаи мустаҳкам доранд. Аз ин рӯ, мову Шуморо лозим аст, ки пеш аз ҳама Конститутсияи худро донем. Ба он ҳамеша ҳамчун ба муқаддасоти миллию давлатӣ муносибат намоем. Барои таъмини волоияти Конститутсия ва иҷрои уҳдадориҳои конститутсионии худ саъю талош намоем. Фарзандони худро дар рӯҳияи баланди эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Конститутсияи мамлакат тарбия кунем.

         Боварии комил дорам, ки ҳамаи мову Шумо дар партави талаботи Конститутсияи мамлакат ва сиёсати ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳри ободии диёр ва шукуфоии Ватани маҳбубамон аз самими дил заҳмат кашида, барои ҳифзи амнияту оромӣ, саодати зиндагӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон бештар саҳмгузорӣ менамоем.

              Бори дигар ҳамаи Шуморо ба шарафи 27-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, бароятон тандурустии комил, бахту саодат ва тамоми хушиҳоро таманно дорам!




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter