Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

ИШТИРОКИ МУОВИНИ АВВАЛИ РАИСИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ МУЛЛОСОҚӢ АТОВУЛЛОЗОДА ДАР МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ НАВАСКАРОН

17.11.2021 11:12

 

Санаи 16 ноябр бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 0201 Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, воқеъ дар Ҷамоати Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ маросими савгандёдкунии наваскарон бо иштироки муовини якуми раиси ноҳияи Мастчоҳ Муллосоқӣ Атовуллозода баргузор гардид.

Дар оғоз Муллосоқӣ Атовуллозода ҳайати шахсии қисми низомӣ, афсарону сарбозонро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ табрик намуда, сарбозони Қушунҳои сарҳадиро ҳимоятгарони марзу буми кишвар хонд.

Таъкид гардид, ки бо гузашти замон дар пайравии дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ пойгоҳи моддию техникӣ ва кадрии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар қавию неруманд гардида, он ба яке аз артишҳои пуриқтидор дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон табдил шудааст.

Баъдан наваскароне, ки барои адо намудани қарзи шаҳрвандии худ ба ба хизмати ҳарбӣ даъват шудаанд, дар вазъияти тантанавӣ сарбаландона савганди ҳарбӣ ёд намуда, содиқ будани худро ба Ватан ва ҳифзи марзу буми кишвар иброз доштанд.

Баҳодур КАРИМОВ,

“Машъал”




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter