Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

МУАРРИФИИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ

18.11.2021 15:55

 

Имрӯз 18 ноябри соли 2021 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ баргузор гардид.

Зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиззода Тоҳир Мирзораҳмат бо сабаби вафот аз вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ озод ва Ализода Аъзам Наврӯз ба ҷои ӯ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд таъйин карда шуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз корнамоиҳои шодравон Тоҳир Азиззода ёдовар шуда, таъкид намуд, ки дар як муддати кутоҳ ноҳия таҳти роҳбарии ӯ ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Сипас барои гиромидошти хотираи неки шодравон Тоҳир Азиззода як лаҳза хомӯшӣ ихтиёр карда шуд.

 Баъдан Раиси вилоят ба Ализода Аъзам Наврӯз барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо таманно кард.

Таъкид карда шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ва бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои ноҳияи Мастчоҳ сол аз сол беҳтар гардида, рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ таъмин гардида истодааст.

Раиси вилоят дар назди роҳбарияти ноҳия ҷиҳати беҳтар намудани вазъи соҳаҳои саноату кишоварзӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, таъмиру азнавсозб ва бунёди мактабу боғчаҳо баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон, дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа ва боз ҳам беҳтар намудани нишондиҳандаҳо вазифаҳои мушаххас гузошта, изҳори боварӣ намуд, ки сокинони ноҳияи Мастчоҳ роҳбари нави ноҳия ба дастовардҳои арзанда ноил мегарднд.

Ализода Аъзам Наврӯз 29 октябри соли 1982 дар деҳаи Арсовити Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ таваллуд шудааст. Таҳсилоти миёнаи умумиро дар МТМУ №26-и ноҳия гирифта, пас аз хатми ин муассиса барои идома таҳсил ба Донишгоҳи давлатии ноҳия шомил мегардад.  Мавсуф Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро соли 2004 аз рӯи ихтисоси молия ва қарз ба поён мерасонад.

Фаъолияти корияш солҳои 2003-2004 дар ҶДММ “СТБ-Инвестбонк”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба сифати мутахассис оғоз намуда, баъдан солҳои 2004-2005 дар ин корхона ба ҳайси сардори шуъбаи асъор адои вазифа намудааст.

Солҳои 2005-2010 дар ҶСК “Аввалин бонки молиявии хурд” дар шаҳри Хуҷанд ба ҳайси корманди қарздиҳӣ кор кардааст.

Солҳои 2010-2016 сардори маркази хизматрасонии бонкии “Миллениум” буда, баъдан солҳои 2016-2018 вазифаи муовинии директор оид ба корҳои молиявии ҶДММ “Истиқлол ва КО” дар шаҳри Хуҷандро ба дӯш доштааст.

Аз соли 2018 то 17 ноябри соли 2021 сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд буд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 17 ноябри соли 2021, №293 Ализода Аъзам Наврӯз ба вазифаи иҷрокунандаи раиси ноҳияи Мастчоҳ таъйин карда шуд.





Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter