Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ АЪЗАМ АЛИЗОДА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТРО АЁДАТ НАМУД

22.11.2021 12:15

 

19 ноябр иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати аёдати оилаҳои камбизоат,  маъюбон ва пирони барҷомонда чанде аз собиқадорони меҳнати ноҳияро аёдат намуда, аз ҳолу аҳвол ва зиндагии онҳо пурсон шуд.

Зимни аёдат Аъзам Ализода аз меҳнати содиқонаву софдилонаи собиқадорони меҳнат баҳри ободии диёр ва ноҳияи Мастчоҳ ёдовар шуда, саҳми онҳоро дар ободу зебо гардонидани маҳал ва тарбияи худшиносиву меҳнатдӯстии насли ҷавон басо арзишманд хонд. Таъкид карда шуд, ки корнамоиҳои пирони кор барои насли имрӯз ва оянда ноҳия намунаи ибрат мебошад.

Собиқадорони ҷангу меҳнат аз ин таваҷҷуҳу ғамхориҳои роҳбарияти давлату Ҳукумат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи раиси ноҳия Аъзам Ализода изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, барояшон дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулият дуои нек карданд.

Фарҳод Ҷумъазода,

“Машъал”






Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter