ШИНОСОИИ АЪЗАМ АЛИЗОДА АЗ ЗАМИНҲО ВА КОРХОНАҲОИ КОРКАРДИ ПАХТА
Санаи 19 ноябр иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати иҷрои нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта аз чанде аз хоҷагиҳои деҳқонии пахтакори ҷамоатҳои деҳот ва корхонаҳои пахтатозакунӣ дидан намуда, ба фаъолияти онҳо аз наздик шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар баъзе аз хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор чинаки чоруми пахта идома дошта, бо сабаби боришоти давоми рӯзҳои охир ҷамъоварии ҳосил ба таъхир афтодааст.
Аъзам Ализода аз заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии пахтакори “Офтобрӯя-5”-и Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ ва “Олиҳа”-и Ҷамоати деҳоти Палдорак дидан намуда, ба масъулин дастур дод, ки бо мусоид шудани боду ҳаво ҳар зудтар ҳосили пахта аз заминҳо ба пуррагӣ чида шуда, ба хирман супурда шавад.
Дар доираи шиносоии худ Аъзам Ализода ҳамчунин аз корхонаҳои коркарди пахтаи ноҳия дидан намуда, умедӣ боварӣ ҳосил кард, ки соҳибкорон ва саноатчиён баҳри рушди ҳадафи чоруми стратегии давлат – соҳаи саноат ва таъмини амнияти озуқаворӣ, инчунин беҳбуд бахшидан ба сатҳи некуаҳволии сокинон дучанд заҳмат кашида, барои расидан ба нишондиҳандаҳои мусбат то анҷоми соли равон тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ хоҳанд намуд.
Фарҳод Ҷумъазода,
“Машъал”