Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

ИШТИРОКИ АЪЗАМ АЛИЗОДА ДАР МУСОБИҚАИ КУШОДИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҶУДО ДАР БАЙНИ НАВРАСОН

23.11.2021 12:46

 

Санаи 21 ноябр ба ифихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри варзишии «Паҳлавонони суғдӣ»-и ноҳияи Мастчоҳ мусобиқаи  кушоди байналмилалӣ оид ба ҷудо дар байни наврасон баргузор гардид, ки дар он иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода иштирок ва суханронӣ кард.

Аъзам Ализода зимни суханронӣ аз дастовардҳои варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ оид ба ҷудо ва мактаби варзишии «Мирзоҳаким Умедов» ёдовар шуда, саҳми онҳоро дар густариши ин намуди варзиш басо арзишманд донист.

Зикр гардид, ки мусобиқаи имрӯза барои тақвияти нерӯи ҷавонон, муаррифии варзишгарони ояндадор, аз ҷумла паҳлавонони номӣ аз байни наврасон ва ҷавонон, инчунин таҳкими дӯстию рафоқат байни варзишгарони кишвар ва Ҷумҳурии ҳамсоя – Ӯзбекистон мусоидат хоҳад кард.

Гуфта мешавад дар ин мусобиқа 230 варзишгари наврас аз шаҳру навоҳии кишвар ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳам қувваозмоӣ намуда, 16 нафар устоди варзиши мамлакат мусобиқаҳои онҳоро доварӣ кардаанд.

 Бино ба иттилои Фаридун Умедов, устоди варзиш оид ба ҷудо дар ин мусобиқа 9 варзишгари ноҳия – Шарипов Абубакр дар вазни 32 кг, Шарипов Мирзосафар дар вазни 35 кг, Сидов Аббос дар вазни +35 кг, Тошов Рамазон дар вазни 42 кг, Нусратов Имом дар вазни 46 кг, Назров Файёз дар вазни 55 кг, Азиззода Шоҳин дар вазни 60 кг, Раҳмонов Файзалй дар вазни 66 кг ва Солеҳзода Муҳаммадиқбол дар вазни +66 кг ғолибият ба даст оварда, сазовори ҷойи аввал гардидаанд.

Солҳои охир наврасон ва ҷавонони ноҳияи Мастчоҳ ба куштии ҷудо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда  истодаанд. Иштироки онҳо дар мусобиқаҳои гуногун дар ин намуди варзиш гувоҳи он аст, ки куштии ҷудо дар байни наврасон ва ҷавонони хеле маъруфият пайдо кардааст. 

Мактаби варзишии «Мирзоҳаким Умедов» дар ноҳияи Мастчоҳ чанд сол аст, ки ба ҷавонон ва наврасон гӯштии ҷудо меомӯзонад. Шогирдони ин мактаб дар мусобиқаҳои гуногуни байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд. Чанде пеш дастпарвари ин мактаб Муҳаммадиқбол Тошов дар як мусобиқаи вижаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо дар байни ҷавонон, ки санаҳои 5-6 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, дар вазни +73 кг иштирок намуда, мақоми аввалро ба даст овард ва ба бозиҳои Осиё, ки дар назар аст моҳи декабри соли равон дар шаҳри Лубнон баргузор шавад, роҳхат гирифт. Муҳаммадиқбол Тошов бо ин пирӯзияш бори дуюм унвони қаҳрамони Тоҷикистон оид ба ҷудо дар байни ҷавононро ба даст овард.

 Дастпарвари дигар ин мактаб Шоҳин Азиззода, писари собиқ раиси ноҳияи Мастчоҳ шодравон Тоҳир Азиззода тобистони имсол дар як мусобиқаи байналхалқӣ оид ба ҷудо дар байни наврасон дар вилояти Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ғолибият ба даст оварда, соҳиби медали тилло гашта буд.

 Фарҳод ҶУМЪАЗОДА,

“Машъал”





Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter