Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ ЗЕРИСТГОҲИ БАРҚИИ НАВ БУНЁД МЕШАВАД

01.12.2021 14:15

 

Рӯзи 30 ноябр бо иштироки Аъзам Ализода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ дар Ҷамоати деҳоти Палдорак сохтмони зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВт оғоз гардид.

Дар кори сохтмони зеристгоҳи мазкур Кароматулло Нарзуллозода роҳбари филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва Муҳиддин Аҳмадзода роҳбари филиали ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд низ ҳузур доштанд.

Гуфта мешавад ин зеристгоҳ бо маблағгузории филиали ҶСК шабакаҳои тақсимот ва интиқоли неруи барқи шаҳри Гулистон ва бо мақсади сабук намудани бори зеристгоҳи барқии 3510 ва “Дилварзин-1” бунёд мегардад.

Собирҷон Валиев, сардори Шабакаҳои барқи ноҳияи Мастчоҳ дар суҳбат бо рӯзномаи “Машъал” гуфт, Аъзам Ализода бо рафти оғози корҳои сохтмонии иншооти мазкур аз наздик шинос шуда, ба масъулин ҷиҳати босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру маслиҳатҳои муфид дод.

Бино ба иттилои Собирҷон Валиев зеристгоҳи барқии 3510 ва “Дилварзин-1”, ки дар фаслҳои тобистону зимистон бо сабаби дароз будани хатҳои шиддатноки барқ ва аз ин ду зеристгоҳ истифода бурдани ҷоҳҳои амудӣ ҳамеша талафоти неруи барқ ба миён меомад. Бо сохта шудани зеристгоҳи барқии нав талафоти неруи барқ дар ин минтақа аз байн хоҳад рафт.

“Бо сохта шудани зеристгоҳи мазкур дар ин минтақа як трансформатор бо тавоноии 16 кВа ва 4 адад чашмакҳои содиротӣ васлу насб хоҳад гардид, ки дар натиҷа бори зеристгоҳи барқии 3510 ва “Дилварзин-1” сабук гардида, сифати шиддат мувофиқи меъёр таъмин мегардад”,-иброз дошт Собирҷон Валиев, сардори шабакаҳои барқи ноҳия.

Дар ҳоли ҳозир дар ноҳияи Мастчоҳ 12 адад зеристгоҳҳои барқӣ мавҷуданд, ки ҳама сола ба аҳоли тавассути онҳо неруи барқ интиқол дода мешавад.

Бино ба иттилои шабакаҳои барқ ноҳияи Мастчоҳ дар як шабонарӯзӣ дар фасли зимистон беш аз 800 ҳазор кв/с ва дар фасли тобистон то ба 1 млн. 700 ҳазор кв/с неруи барқ масраф мекунад.

Фитрати Ҳикмат,

“Машъал” 





Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter