ИШТИРОКИ ҶУДОКОРОНИ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ/УҚЁНУС
Аз 2 то 5 декабр дар шаҳри Бейрути Лубнон Чемпионати
Осиё/Уқёнус миёни наврасон ва ҷавонон баргузор мешавад, ки дар он паҳлавонони тоҷик низ ширкат мекунанд. Дар ин бора
Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ хабар
додааст.
Сомонаи Кумитаи
миллии олимпӣ навиштааст, ки дар чемпионат миёни наврасон 137 варзишгар (83
писар, 54 духтар) ва дар чемпионат миёни ҷавонон 127 варзишгар (84 писар, 43
духтар) аз 17 давлати қора ширкат мекунанд. Аз Ҷумҳурии
Тоҷикистон ба мусобиқаи наврасон 7
нафар (6 писар, як духтар) ва ба
мусобиқаи ҷавонон 9 нафар писар сафарбар гардиданд.
Қувваозмоиҳо миёни наврасон 2-3 декабр ва миёни
ҷавонон 4-5 декабр баргузор мегарданд.
Дар ин
қувваозмоиҳо аз ноҳияи Мастчоҳ Муҳаммадиқбол Тошов дар вазни -73 кг иштирок
мекунад.
Муҳаммадиқбол
Тошов дар як мусобиқаи вижаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо дар байни ҷавонон, ки
санаҳои 5-6 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, дар вазни -73 кг
иштирок намуда, мақоми аввалро ба даст овард ва ба бозиҳои Осиё/Уқёнус роҳхат
гирифт. Муҳаммадиқбол Тошов бо ин пирӯзияш бори дуюм унвони қаҳрамони
Тоҷикистон оид ба ҷудо дар байни ҷавононро ба даст овард.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба намуди гӯштини дзюдо
миёни наврасон ҷиҳати иштирок дар Чемпионати Осиё/Уқёнус-2021:
-50кг — Ҷасур ЛУТФИШОЕВ
-52кг — Меҳрона МАҲМАДЗОДА
-60кг — Сируш ЭРКАЕВ
-66кг — Муҳаммад ЮСУФЗОДА
-73кг — Сунатулло МУСОЕВ
-90кг — Сомонӣ КИШВАРОВ
+90кг — Парвиз АБДУРАҲМОНОВ
Дастаи
мунтахаби Тоҷикистон оид ба намуди гӯштини дзюдо миёни ҷавонон ҷиҳати иштирок
дар Чемпионати Осиё/Уқёнус-2021:
-66кг — Хурсандқул КУГАНОВ
-66кг — Абубакр ШЕРОВ
-73кг — Муҳаммадиқбол ТОШОВ
-73кг — Масъуди АҲМАДЗОД
-81кг — Муҳаммадҷон АБДУҶАЛИЛОВ
-81кг — Шодмон РИЗОЕВ
-81кг — Раҳматулло МИРЗОЕВ
-100кг — Мансур РАҲМОН
+100кг — Давлатҷон НАЗРИЕВ
Барномаи
баргузории мусобиқа:
Наврасон:
1-2 декабр | Панҷшанбе
Занон: -40 kg, -44kg, -48kg, -52kg
Мардон: -50 kg, -55 kg, -60 kg, -66 kg
Муқаддамотӣ: 13:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 19:00
2-3 декабр | Ҷумъа
Занон: -57 kg, -63kg, -70kg, +70kg
Мардон: -73 kg, -81 kg, -90 kg, +90 kg
Муқаддамотӣ: 13:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 19:00
Ҷавонон:
3-4 декабр | Шанбе
Занон: -48 kg, -52 kg, -57kg
Мардон: -60kg; -66kg; -73kg
Муқаддамотӣ: 13:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 19:00
4-5 декабр | Якшанбе
Занон: -63kg; -70kg; -78kg; +78kg
Мардон: -81 kg, -90 kg, -100 kg, +100 kg
Муқаддамотӣ: 13:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 19:00
*Вақти
Душанбе