Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

АЪЗАМ АЛИЗОДА: САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР РУШДИ МАҲАЛ, ТАЪСИСИ ҶОЙҲОИ КОРӢ ВА ПЕШРАФТИ ХОҶАГИИ ХАЛҚИ НОҲИЯ НАЗАРРАС АСТ

03.12.2021 16:36

 

3 декабр Аъзам Ализода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо соҳибкорони маҳаллӣ мулоқот анҷом дод, ки дар он масъалаҳои таъмиру азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ ва маориф, сохтмони корхонаҳои хуруду бузург ва сармоягузории соҳибкорон дар рушди маҳал ва ободии диёр мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аъзам Ализода дар оғози ин мулоқот саҳми соҳибкоронро дар рушди маҳал, ободии диёр ва пешрафти хоҷагии халқи ноҳия назаррас арзёбӣ карда, зикр намуд, ки бо дастгирии соҳибкорон давоми як сесолаи охир дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ иншооти гуногун бунёд гардида, ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтанд.

Равшанҷон Туйчиев, мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳия доир ба татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва ҳалли мунтазами мушкилоту монеъаҳои рушди соҳибкорӣ дар ноҳия суханронӣ намуда, афзуд, ки “Идораи амволи давлатии ноҳия барои рушди соҳибкории хурду миёна бо соҳибкорони маҳаллӣ 26 адад шартномаи ба иҷора додани амволи давлатиро бастааст, ки барои 50 нафар ҷои кори доимӣ шароит фароҳам овардааст.

“Айни ҳол дар ноҳия 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ, аз ҷумла Лоиҳаи “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, марҳилаи 4” бо маблағи 476,1 ҳазор доллар амрикоӣ, Лоиҳаи «Тиҷораткунонии соҳаи кишоварзӣ» бо маблағи 340,13 ҳазор доллар, Лоиҳаи “Барномаи мутобиқшавӣ ва тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он ба ҳавзаи баҳри Арал” бо маблағи 194,1 ҳазор доллар, Лоиҳаи «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ» бо маблағи 83,27 ҳазор доллар,  Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» бо маблағи 552,49 ҳазор доллар, Лоиҳаи фавқулодда бар зидди бемории COVID-2019 бо маблағи 128,44 ҳазор доллар ва Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” бо маблағи 68,81 ҳазор доллари амрикоӣ амалӣ гардида истодаанд”,-иброз дошт зимни суханронӣ Равшанҷон Туйчиев.

Бино ба иттилои Туйчиев маблағҳои умумии дар доираи татбиқи лоиҳаҳои мазкур дар ноҳия азхудшуда 1 млн. 810 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ба қавли ӯ аз ҳисоби Лоиҳаи “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо марҳилаи 4” сохтмони бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и Ҷамоати деҳоти Оббурдон ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и деҳаи Оби шифои Ҷамоати деҳоти Навбаҳор ба анҷом расида, дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.

Устосафар Олимов, соҳибкори муваффақ, раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони ноҳия дар ин мулоқот суханронӣ намуда, иброз дошт, ки “Бо дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони ноҳияи Мастчоҳ дар қатори дигар соҳибкорони шаҳру навоҳии мамлакат барои ободонии диёр, сарсабзу хуррам гардонидани ноҳия саҳми хеле арзанда гузоштаанд.

Ба таъкиди ӯ бо азму талоши соҳибкорон дар ноҳия як қатор корхона ва коргоҳҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаи муштараки «Суғдиён-Свердловск», «Суғдсемент», «Нури Сафар», корхонаҳои коркарди пахта, корхонаҳои истеҳсоли хишти пухта, фабрикаҳои парандапарварӣ, фермаҳои ширию молӣ, ду кӯдакистонҳои хусусӣ,  корхонаҳои истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ ва алюминӣ, гармхонаҳо ва дигар корхонаҳои хурду бузург бунёд гардида, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудаанд.

Бино ба маълумотҳои оморӣ дар ноҳияи Мастчоҳ айни замон 6085 нафар соҳибкор ба қайд гирифта шудаанд, ки 278 нафари он бо шаҳодатнома ва 780 нафари дигар патент фаъолият мекунанд. Дар давоми 10 моҳи соли равон 247 соҳибкори нав нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба қайд гирифта шудааст.

Фитрати Ҳикмат,

“Машъал”




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter