Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

ИСТИҚБОЛИ ГАРМИ КОМРОНШОҲ ДАР ГУЗАРГОҲИ САРҲАДИИ “ФОТЕҲОБОД-ОЙБЕК”

03.12.2021 16:53

 

Имрӯз, 3 декабри бо иштироки муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ Шавкат Солеҳиён, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирқосим Каримзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Дилшод Зокиров,  устоди варзиши Тоҷикистон Устопир Устопириён ва чанде аз мухлисон дар гузаргоҳи сарҳадии “Фотеҳобод-Ойбек” Комроншоҳи Устопириён, барандаи медали нуқраи бозиҳоҳои“Abu Dhabi Grand Slam 2021” гарму самимӣ истиқбол гардид.

Комроншоҳи Устопириён дар бозиҳоҳои “Abu Dhabi Grand Slam 2021”, ки рӯзҳои 26-28-уми ноябр дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб – шаҳри Абу Забӣ – баргузор гардида буд, дар вазни то 90 кг қувваозмоӣ намуда, медали нуқра ба даст овард. Комроншоҳ баъди се пирӯзӣ бар рақибонаш Ҷамол Петргрейв аз Бритониё, Ҷон Ҷейн аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Эрлан Шеров аз Қирғизистон ба финал баромад, вале дар қувваозмоии ниҳоӣ ӯ аз варзишгари 21-солаи русиягӣ Мансур Лорсанов мағлуб шуд ва бо медали нуқра сарфароз гардид.

Гуфта мешавад дар ин мусобиқа ҳамчунин ҷудокорони муваффақи кишвар Ҷаҳонгир Маҷидов зери вазни -90 кг ва Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило ба гирифтани нишонҳои биринҷӣ шарафёб гардиданд. Ин аввалин маротиба дар таърихи ҷудои мамлакат маҳсуб аст, ки ҷудокорони кишвар ба гирифтани се нишони ифтихорӣ дар як мусобиқа мушарраф гардиданд.

Тоҷикистон дар бозиҳоҳои “Abu Dhabi Grand Slam 2021” бо як нуқра, ду биринҷӣ ва як ҷои панҷум дар байни 41 давлати дунё мақоми 12 умро ишғол кард.

Фарҳод Ҷумъазода,

“Машъал”




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter