Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

ИҚДОМИ НАҶИБИ СОҲИБКОРИ МАҲАЛЛӢ ДАР МАСТЧОҲ

08.12.2021 15:40

 

Соҳибкори маҳаллӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ Абдуваҳҳоб Ҳасанзода иқдом гирифтааст, ки дару тирезаҳо ва саҳни яке аз биноҳои МТМУ №8-и Ҷамоати деҳоти Палдоракро аз ҳисоби худ нав кунад.

Имрӯз, 8 декабр Аъзам Ализода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ бо соҳибкор Абдуваҳҳоб Ҳасанзода аз МТМУ №8 дидан карда, аз рафти корҳои таъмиру азнавсозии дару тирезаҳои ин муассисаи таълимӣ шинос шуданд. 

Аъзам Ализода ин иқдоми наҷиби соҳибкорро хуш истиқбол намуда, ташаббуси ӯро беҳтарин намунаи олии ватандӯстӣ ва созандаву ободгаро арзёбӣ кард.

Таъкид гардид, ки саҳми соҳибкорон дар рушди деҳот, бунёду азнавсозии иншооти гуногун ва таъсиси ҷойҳои корӣ дар ноҳия хеле назаррас аст. 

“Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳия бунёди як қатор иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки қисме аз онҳо мавриди истифода қарор дода шудаанд ва сохтмони қисмати дигари иншоот дар ҳолати анҷом ёбист. Ин иқдоми соҳибкор Абдуваҳҳоб Ҳасанзода дар “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” қобили таҳсин ва дастгирист. Мо итминони комил дорем, ки бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ метавонем маҳаллаву деҳотро оҳиста-оҳиста зебову обод гардонем”-иброз дошт Аъзам Ализода.

Гуфта машавад биное, ки соҳибкор иқдом гирифтааст дару тирезаҳояшро нав кунад, солҳои 80-уми асри гузашта бунёд гардида, аз ҳашт синфхона ва як хонаи муаллимон иборат мебошад. То ба имрӯз аз ҳисоби маблағгузории ҳукумати ноҳия қисман таъмир шудааст. Муҳаммадшариф Убайдов директори муассисаи мазкур дар суҳбат ба рӯзномаи “Машъал” гуфт, дар ин бино асосан синфҳои ибтидоӣ, яъне хонандагони синфҳои 1 ва 4-ум дар ду баст таҳсил мекунанд.

“Мо хеле шод ҳастем, ки чунин соҳибкорони ватандӯст ва ободгар дорем. Биное, ки аз ҷониби соҳибкори муваффақ Абдуваҳҳоб дару тирезаҳояш нав мешаванд, солҳои зиёд қариб ки рӯи таъмирро надидааст, гӯем хато намекунем. Ҳар сол аз ҳисоби маблағҳои муассиса рангу бор мекунем. Чанд сол пеш бо дастгирии ҳукумати ноҳия ва як соҳибкори маҳаллӣ боми ин бино қисман нав шуд, ки дар мавсими боришот мечакид. Бо нав шудани дару тирезаҳо акнун гармии синфхонаҳо дигар талаф намешавад. Як соҳибкори маҳалли дигар тасмим гирифтааст, ки ҳоҷатхонаи мактабро азнавсозӣ кунад. Мо аз ин гуна иқдомҳои соҳибкорони маҳаллӣ хеле хушҳолем ва сипосу миннатдории худро ба онҳо мерасонем”,-мегӯяд Муҳаммадшариф Убайдов, директори МТМУ №8.

Абдуваҳҳоб Ҳасанзода аз зумраи соҳибкорони муваффақи ноҳияи Мастчоҳ маҳсуб мешавад, ки бо иқдомҳои наҷибу созандагияш дар байни аҳолии ноҳия ва берун аз он маъруфият дорад. Соли 2020 бо ташаббуси ӯ дар маркази ноҳияи Мастчоҳ як муассисаи томактабӣ бо номи “Кӯдакистон Ваҳдат” бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд. Соли равон низ дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 1 километр роҳи маҳаллаи Фотеҳобод мумфарш гардид. Ҳоло дар маркази ноҳия шаҳраки Бӯстон бо ташаббуси ӯ сохтмони меҳмонхонаи хусусӣ идома дорад.

Фарҳод Ҷумъазода,

“Машъал”



Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter