Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

1600 АДАД МИЗУ КУРСӢ. КУМАКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ

09.12.2021 15:38

 

Бо дастгирии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба муассисаҳои таълимии ноҳияи Мастчоҳ барои 3200 адад ҷойи нишаст ба миқдори 1600 адад мизу курсӣ кумак расонида мешавад.

Имрӯз, 9 декабри соли равон 500 адад мизу курсии он ба муассисаҳои таълимии ноҳия дастрас гардид.

Аъзам Ализода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ зимни тақсимоти мизу курсиҳо ба масъулини шуъбаи маорифи ноҳия дастур дод, ки дар навбати аввал он муассисаҳои таълимие, ки ба мирзу курсӣ эҳтиёҷи бештар доранд, таъмин карда шаванд.

“Бо дастгирии бевоситаи роҳбари вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба муассисаҳои таълимии ноҳия барои 3200 адад ҷойи нишаст мизу курсӣ таъмин карда шуд. Имрӯз 500 адад мизу курсӣ барои 1000 ҷойи нишаст ба мо дастрас шуд. Дар рӯзҳои наздик боз 1100 адад мизу курсии дигар хоҳад омад. Дар навбати аввал бояд он муассисаҳои таълимиеро, ки аз норасоии мизу курсӣ танқисӣ мешаванд, таъмин кард. Нақша дорем дар давоми соли равон бо дастгирии соҳибкорон  мактабро бо компютер низ таъмин намоем”,-иброз дошт Аъзам Ализода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ.

Қудратбек Сафаров муовини мудири шуъбаи маорифи ноҳия дар суҳбат бо рӯзномаи “Машъал” гуфт, аҳли маорифи ноҳия аз ин дастгириҳои бевоситаи роҳбарияти вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати таъмини мизу курсӣ ба муассисаҳои таълимӣ бисёр сипосгузоранд.

“Яке аз мушкилиҳои соҳаи маориф дар ноҳияи Мастчоҳ ин норасоии мизу курсӣ мебошад. Бисёр шод ҳастем, ки бо дастгириҳои раиси вилоят ин мушкил роҳи ҳалли худро пайдо намуд. Имрӯз 500 адад мизу курсӣ ба муассисаҳои таълимии ноҳия дастрас гардид. Дар рӯзҳои наздик боз 1100 адад мизу курсиии дигар хоҳад омад. Маорифчиёни ноҳия аз ин дастгириҳои раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бисёр сипосгузору миннатдоранд”,-зикр намуд Қудратбек Сафаров.

Дар ноҳияи Мастчоҳ 47 адад муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолият мекунанданд, ки дар онҳо 27899 нафар хонанда таҳсил менамояд.

Соли равон дар арафаи таҷлили ҷашни 30-юмин солагрди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду адад муассисаи таълимии нав мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Фитрати Ҳикмат,

“Машъал”





Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter