Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

5 АДАД КОМПЮТЕР ВА ДАСТГОҲИ ТАҚВИЯТИ ОВОЗ. ЁРИИ СОҲИБКОРИ МАҲАЛЛӢ БА МТМУ №28

13.12.2021 17:13

 

Як соҳибкори маҳаллӣ, ки нахостааст номаш зикр шавад, ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ 5 адад компютер ва як дастгоҳи тақвияти овоз кумак кардааст.

Дар ин бора директори муассисаи таълимии мазкур Муҳаммадхолиқ Юсупов ба рӯзномаи “Машъал” хабар дод.

Бино ба иттилои Юсупов муассисаи таълимии онҳо аз норасоии компютер танқисӣ мекашидааст ва ин кумаки соҳибкор то ҷое мушкилоти онҳоро бартараф сохтааст.

 “Ростӣ аз ин ёрии соҳибкори маҳаллӣ хеле шод ҳастем! Дар муассисаи мо 553 нафар хонанда таҳсил мекунад, ки 281 нафари он духтаронанд. Дар мактаби мо ҳамагӣ 15 адад компютер мавҷуд мебошад, ки аз онҳо қариб 5 ададшон корношоям. Ин ёрии соҳибкор моро хеле хушҳол кард. Кормандони муассисаи таълимии мо аз ин ёрии соҳибкор ва раиси муҳтарам Аъзам Ализода бисёр миннатдору сипосгузоранд.  Чанд рӯз пеш низ ба мактаби мо барои 30 ҷойи нишаст мизу курсиҳои нав дастрас шуд. Аз ин таваҷҷуҳу ғамхориҳои роҳбарияти ноҳия ва раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба соҳаи маориф хеле сипосгузорем”,- мегӯяд Муҳаммадхолиқ Юсупов, директори МТМУ №28.

Ин ёрии соҳибкори маҳаллӣ дар ҳолест, ки чанде пештар Аъзам Ализода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ дар мулоқот бо соҳибкорони маҳаллӣ аз онҳо даъват ба амал оварда буд, ки соҳибкорон ба соҳаҳои маориф ва тандурустии ноҳия таваҷҷуҳ зоҳир намуда, то қадри имкон ба мушкилоту норасоиҳои соҳаҳои мазкур дасти ёрӣ дароз кунанд.

Дар партави ин гуфтаҳо аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдуваҳҳоб Ҳасанзода дару дирезаҳои бинои иловагии МТМУ №8-и Ҷамоати деҳоти Палдорак иваз гардида, саҳни ин бино низ бетонпуш мегардад.

Норасоии компютер дар муассисаҳои таълимӣ ва корношоям будани қисме аз онҳо яке аз мушкилоти соҳаи маориф маҳсуб мешавад. Дар ноҳияи Мастчоҳ 47 муассисаи таълимӣ фаъолият мекунанд, ки дар умум дар онҳо 931 адад компютер мавҷуд аст. Бино ба иттилои шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ аз ин теъдод 325 адади он корношоям буда, 161 адади дигар компютерҳои насли куҳна мебошанд, ки истифодаашон манъ шудааст. 

Ба иттилои ин шуъба мактабҳои ноҳия ба беш аз 600 адад компютер эҳтиёҷ доранд, ки то “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” амалӣ гардад.

Фарҳод Ҷумъазода,

“Машъал”




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter