Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ 66 АДАД НОУТБУКҲОИ ҲОЗИРАЗАМОН ДАСТРАС ШУД

16.12.2021 18:42

 

Бо дастгириҳои иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ва дар доираи “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” ба кӯдакистонҳо ва муассисаҳои таълимии ноҳия 400 адад ҷиҳозҳои рахти хоб ва 66 адад ноутбукҳои ҳозиразамон дастрас мегардад.

Дар ин бора Ибодулло Оқилзода мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ ба рӯзномаи “Машъал” иттилоъ дод.

Бино ба иттилои Оқилов дирӯз 15 декабр 66 адад ноутбукҳои ҳозиразамони тамғаи LENOVO ба муҳосибҳои муассисаҳои таълимӣ дастрас гардида, фардо ба кӯдакистонҳо ҷиҳозҳои рахти хоб низ дастрас хоҳад шуд.

“Мо маорифчиёни ноҳияи Мастчоҳ хеле шод ҳастем, ки раиси ноҳия ба соҳаи маориф, ба хусус мактабҳо ва кӯдакистонҳо таваҷҷуҳи хоса доранд. Маҳз бо дастгириҳои он кас ба муассисаҳои таълимӣ ва кӯдакистонҳо 66 адад ноутбук ва 400 адад ҷиҳозҳои рахти хоб бо маблағи умумии 500 ҳазор сомонӣ дастрас гардид. Бо даъвати он кас имрӯз соҳибкорони маҳаллӣ низ иқдом гирифтаанд, ки гӯшаҳои вайронаи муассисаҳои таълимии шаҳраку ҷамоатҳои деҳотро обод ва таъмиру азнавсозӣ кунанд. Аллакай дар як чанд муассисаиҳои таълимии ноҳия аз ҷониби соҳабкорон корҳои таъмиру тармим оғоз гардидааст. Ҳафтаи гузашта бо дастгириҳои роҳбарияти вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба муассисаҳои таълимии ноҳия 1600 адад мизу курсӣ дастрас гардид, ки мо  - аҳли маорифи ноҳияро хеле хушҳол кард. Мо барои ин ҳама дастгириҳои раиси ноҳия ва роҳбарияти вилоят сипосу миннатдории худро баён медорем”,-гуфт дар суҳбат Ибодулло Оқилзода мудири шуъбаи маориф.

Чанде пеш дар партави ин гуфтаҳо аз ҷониби як соҳибкори маҳаллӣ, ки нахостааст номаш зикр шавад, ба як муассисаи таълимии ноҳия 5 адад компютер ва як дастгоҳи тақвияти овоз ёрӣ расонида шудааст.

Норасоии компютер дар муассисаҳои таълимӣ ва корношоям будани қисме аз онҳо яке аз мушкилоти соҳаи маориф маҳсуб мешавад. Дар ноҳияи Мастчоҳ 47 муассисаи таълимӣ фаъолият мекунанд, ки дар умум дар онҳо 931 адад компютер мавҷуд аст. Бино ба иттилои шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ аз ин теъдод 325 адади он корношоям буда, 161 адади дигар компютерҳои насли куҳна мебошанд, ки истифодаашон манъ шудааст. 

Ба иттилои ин шуъба мактабҳои ноҳия ба беш аз 600 адад компютер эҳтиёҷ доранд, ки то “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” амалӣ гардад.

Фарҳод Ҷумъазода,

“Машъал”




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter