Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

ХОБГОҲИ ДУХТАРОНАИ КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ БО БО 48 АДАД КАТИ НАВ ТАЪМИН ШУД

30.12.2021 08:22

 

29 декабр бо ташаббуси иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ва бо дастгириҳои соҳибкорон ба хобгоҳи духтаронаи Коллеҷи омӯзгории ноҳия 48 адад кати замонавӣ дастрас гардид.

Бо ин мақсад имрӯз Аъзам Ализода ба коллеҷи мазкур ташриф оварда, аз натиҷаи таъминоти ҳуҷраҳои истиқоматии духтарон бо катҳои замонавӣ ва ҳуҷраи хӯрокпазӣ шахсан шинос шуд.

Зимни шиносоӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ барои боз ҳам беҳтар намудани шароити хобгоҳ ва шарту зисти духтарон ба роҳбарияти коллеҷ дастуру маслиҳатҳои муфид дод.

Зикр гардид, ки донишҷӯёни муассиса, ба хусус духтарон фориғ аз дарсҳо ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва забономӯзӣ машғул гарданд.

Дафтари матбуотии Раиси ноҳияи Мастчоҳ




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter