МАСТЧОҲ: БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БОЗ 300 АДАД МИЗУ КУРСИИ НАВ ДАСТРАС ШУД

30.12.2021 08:29

 

Бо дастгирии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба муассисаҳои таълимии ноҳияи Мастчоҳ боз 300 адад мизу курсии нав дастрас шуд. 

Чанде пеш дар доираи дастгириҳои Раиси вилоят 500 адад мизу курсӣ дастраси муассисаи таълимии ноҳия гардида буд. Дар доираи ин кумакҳо барои 3200 ҷойи нишаст ба миқдори 1600 адад мизу курсӣ ба муассисаҳои таълимии ноҳия дастрас карда мешавад.

Аъзам Ализода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ зимни боздид аз дастрасии мизу курсиҳо ба масъулини шуъбаи маорифи ноҳия дастур дод, ки дар навбати аввал он муассисаҳои таълимие, ки ба мирзу курсӣ эҳтиёҷи бештар доранд, таъмин карда шаванд.

Дар ноҳияи Мастчоҳ 47 адад муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолият мекунанданд, ки дар онҳо 27899 нафар хонанда таҳсил менамояд.

Соли равон дар арафаи таҷлили ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду адад муассисаи таълимии нав мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Дафтари матбуотии

Раиси ноҳияи Мастчоҳ




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter