Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2022 ФАРХУНДА БОД! Паёми табрикотии иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бахшида ба Соли нави мелодии 2022

30.12.2021 17:35

 

Ҳамдиёрони азиз!    

  Фарорасии Соли нави мелодии 2022-ро бо мамнунияту шодмонӣ ба Шумо ва  кулли сокинони сарбаланди Тоҷикистон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ва шахсан аз номи худам табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатию саодати рӯзгор, баракати умр, фараҳмандию сарбаландӣ ва дар фаъолияти ҳамарӯзаатон  барору пешравиҳои бузургро таманно дорам.

        Мардуми шарифи Тоҷикистон соли файзбахшу пурмаҳсули 2021-умро, ки ба таъкиди Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад,” хайрбод гуфта, ба шукргузорию сарфарозӣ аз дастоварду комёбиҳои беназири як давраи томи Истиқлолият соли нави 2022-юмро истиқбол мегиранд.

       Воқеан, соли сипаришавандаи 2021 дар саҳифаҳои замони Истиқлолият соли пур аз фатҳу кушоиш, комёбию пешравӣ, ва сарфарозию шодмонӣ ба шумор меравад. Чунки дар ин сол мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни муқаддасу мубораки 30-солагии Истиқлолиятро бо шукӯҳу шаҳомати беназир таҷлил намуданд. Дар партави таҷлили ин санаи муборак дар тамоми гӯшаву канори кишвари маҳбубамон раванди беназири созандагию бунёдкорӣ авҷи азим гирифта, ҳазорон иншооти таъйиноти гуногун бунёд ва мавриди баҳрамандӣ қарор дода шуданд.     

     Дар соли таърихии 2021 сокинони шарафманди ноҳияи Мастчоҳ ба мисли тамоми шаҳрвандони Тоҷикистони азизамон бо заҳмати софдилона дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Давоми сол дар шаҳраку деҳоти ноҳия садҳо иншооти гуногун, аз ҷумла муассисаҳои таълимию тиббӣ, марказҳои хизматрасонӣ сохта ба истифода дода шуданд. Дар ин соли таърихӣ аҳли маориф бо таълиму тарбияи шогирдон, кормандони соҳаи тиб баҳри табобату ҳифзи саломатии мардум, саноатчиён ҷиҳати рушди иқтисодӣ, аҳли фарҳанг баҳри баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ ва тақвияти ҷаҳонбинӣ ва кормандони дигар самтҳо    бо садоқату сарфарозӣ заҳмат кашида, дастоварду комёбиҳои меҳнатии худро ба истиқболи шоистаи Ҷашни 30-солагии Истиқлолият афзун гардониданд.  

          Тавре, ки ҳамаи Шумо огоҳии комил доред, чанд рӯз пеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Тавре, ки дар он таъкид шудааст: “Ҳамватанони азизи мо хуб мушоҳида мекунанд, ки бо гузашти солҳо вазъи ҷаҳон мураккабу печида ва таҳдиду хатарҳои муосир боз ҳам ошкору шадид гардида истодаанд.

           Аз ин рӯ, мо бояд аз соҳибдавлату соҳибватан буданамон доим шукрона кунем, ҳамеша ҳушёру зирак ва сарҷамъу муттаҳид бошем.

        Мо бояд ҳамеша босабру таҳаммул бошем, ҳамдигарро ҳамеша дастгирӣ кунем, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат ғамхорӣ намоем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия кунем”.

          Аз ин ҷиҳат, ҳамаи мову Шумо ва тамоми сокинони зафарманди ноҳия масъул ва вазифадор ҳастем, ки Паёми Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор дода, барои боз ҳам афзун гардонидани дастоварду комёбиҳои даврони Истиқлолият дар соли 2022, аз ҷумла татбиқи ҳадафҳои эълони “Солҳои 2022-2026-солҳои рушди саноат” софдилона заҳмат кашида, саҳми шоистаи худро дар пешрафту ободии диёр ва кишвари азизамон гузорем. Дар Соли нави мелодии 2022 барои  барои ҳамаи Шумо ва тамоми шаҳрвандони Тоҷикистони маҳбубамон саломатию шодмонӣ, фатҳу нусрат ва тамоми хушиҳои оламро таманно дорам.

           Соли нави мелодӣ муборак!




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter