Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

ҒАМХОРӢ БА СОҲАИ МАОРИФ БЕҲТАРИН ХИЗМАТ БА ВАТАНУ МИЛЛАТ АСТ МУРОҶИАТНОМАИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ АЪЗАМ АЛИЗОДА БА СОҲИБКОРОНИ НОҲИЯ

04.01.2022 12:48

 

      Соҳибкорони созандаву ободкор ва бонангу номуси диёр!

      Тоҷикистони азизу маҳбубамон таҳти сарварии оқилонаву ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҷлили Ҷашни фархундаву мубораки 30-солагии Истиқлолият дар соли сипаришудаи 2021 як давраи тому сарнавиштсози созандагию бунёдкориро ҷамъбаст намуда, бо дастоварду комёбиҳои беназир ба марҳилаи наву пешрафту шукуфоӣ ворид гардид. 

       Боиси ифтихору шукргузории тамоми сокинони шарафманди кишварамон аст, ки тайи се соли охир дар тамоми шаҳру навоҳии кишвари маҳбубамон зиёда аз 25 ҳазор иншооту биноҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар ин ҷода соҳибкорони ҳимматбаланду ободкор, саховатманду ватандӯст ва парчамбардори нангу ори ватандорӣ саҳми беназири худро гузоштанд. 

       Бо назардошти чунин саҳми шоистаи соҳибкорон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ чунин изҳори сипос намуданд: “Бо истифода аз фурсат ба кулли мардуми шарафманди кишвар, аз ҷумла ба соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша, ки ба ифтихори ҷашни сисолагии истиқлолияти давлатӣ дар раванди корҳои ободониву созандагии Ватан, бахусус дар бунёди иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, саҳми басо арзишманд гузоштанд, сипосу миннатдорӣ баён менамоям”.

       Воқеан, соҳибкорони дилсӯзу ҷонфидои Тоҷикистон бо ҳиммати баланд, мақсаду мароми хайрхоҳона, нақшаву ниятҳои созандаву бунёдкоронаи худ дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат бо сохтмони коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, маҷмааҳои хизматрасонӣ, ободии роҳҳо, бунёди муассисаҳои таълимию табобатӣ ва ба ин васила таъсис додани ҷойҳои корӣ,  дар пешрафи саноату иқтисодиёт ва фардои мунаввару дурахшони Тоҷикистони азиз содиқона хизмат мекунанд. Дар ин радиф дастгирии иҷтимоӣ ва иқдомҳои хайру савоби соҳибкорон нисбати афроди ниёзманди ҷомеа аз ҷумлаи хислатҳои олии инсондӯстӣ ва ватанпарварии онҳо ба шумор меравад.

        Шоистаи зикр аст, ки соҳибкорони ноҳияи Мастчоҳ низ ба мисли тамоми ҳампешагони худ баҳри ободию осоиши ҳамдиёрон, пешрафти кулли самтҳои ҳаёти ноҳия пайваста саҳмгузорӣ менамояд. 

          Нақши созандаи соҳибкорони диёри файзбори Мастчоҳ дар бунёду таъмир ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, авҷи сохтмон, рушди иқтисодию  иҷтимоӣ, равнақу ривоҷи созандагию ободонӣ пайваста эҳсос карда мешавад. Мо хизмату нақш ва мақоми соҳибкоронро дар пешрафту шукуфоии ноҳия баланд арзёбӣ намуда, ҳамеша бо кору фаъолияти созандаи онҳо ифтихор менамоем. 

          Соҳибкорони арҷманд!

          Тавре, ки ҳамаи Шумо огоҳии комил доред, Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ дар баробари тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа оид ба рушди соҳаи мактабу маориф афкори баланду судманди худро баён дошта, таъкид намуданд, ки: “бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – cармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”. 

          Дар Паёми навбатӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам баланд бардоштани сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани майлу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва азхуд кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф муайян гардиданд. Албатта барои ноил шудан ба чунин мақсаду ҳадафҳои созандаи соҳаи маориф пеш аз ҳама мустаҳкам кардани пояи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, аз он ҷумла таъмини намудани онҳо бо компютерҳои наву замонавӣ ниҳоят зарур мебошад. Гарчанде, дар ин замина мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тадбирҳои мушаххасро амалӣ карда бошад ҳам, вале айни замон бо назардошти вазъи буҷети маҳаллӣ мо ба нерӯи созанда ва ҳиммати волои соҳибкорони номвару бунёдкоронаи диёрамон, ки ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар фаъолияти ибратмандонаи худро пеш мебаранд, такя менамоем. Зеро, айни замон муассисаҳои таълимии ноҳия наздик ба 1000 адад компютерҳои замонавӣ эҳтиёҷ доранд.  Агар ҳар як соҳибкори созандаи диёр ҳадди аққал як адад компютери замонавӣ ба ҳамон муассисаи таълимие, ки онро хатм намудааст, тақдим намояд, ин беҳтарин амали хайру савоб ба миллату Ватан мегардад.

          Аз ин рӯ, тамоми соҳибкорони сарфарозу бонангу ори ноҳияи Мастчоҳро барои сармоягузорӣ ба соҳаи маориф даъват карда, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки:

         -биёед, дар пайравӣ ба иқдомҳои маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти амалии худ барои рушди соҳаи таълиму тарбия амалан иқдом намуда, то таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ муассисаҳои таълимии ноҳияро бо компютерҳои замонавӣ таъмин созем.

        -биёед, омӯзгорону устодон ва хонандагони болаёқатро дастгирию пуштибонӣ намоем.

          -биёед, барои ҷалби бештари хонандагон ба китобхонӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русию англисӣ аз сидқи дил саъю талош намоем.

           Боварии комил дорам, ки соҳибкорони арҷманду сарфарози ноҳия муроҷиати мазкурро дастгирӣ намуда, бо ҳисси баланди ватандӯстию ватандорӣ, ифтихори миллӣ, нангу ори диёрдорӣ барои то ҷашни Наврӯзи Аҷам бо компютерҳои замонавӣ таъмин кардани муассисаҳои таълимӣ, дастгирию қадршиносии омӯзгорону хонандагон саҳмгузорӣ намуда, бори дигар собит месозанд, ки пайравони асили Пешвои миллат мебошанд.



Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter