Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

МАКТАБ ОҒОЗИ ТАРАҚҚИЁТ, ДАРВОЗАИ МАДАНИЯТ ВА САНЪАТ АСТ

11.01.2022 15:38

 
Дар ҳошияи муроҷиатномаи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ба соҳибкорони дохилӣ ва бурунмарзии ноҳия

Ба андешаи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, ислоҳи ҷомеа, пеш аз ҳама аз мактаб оғоз меёбад, зеро мактаб роҳи фардоро равшанӣ мебахшад. Ӯ ҳаёти миллатро ба мактаб вобаста дониста, чунин таъкид менамояд:
«Ислоҳ аз куҷо сар мешавад, ҷавоб хоҳанд гуфт, ки «аз мактаб...Чунки ҳаёти миллат вобаста ба мактабу маориф аст. Мактаби... кадом миллат, ки обод аст, он миллат худро мудофиа мекунад……Мактаби .... кадом миллат, хароб ё (дар) таназзул аст, он миллат маҳкуми таданнӣ ва забун аст. Ривоҷи дини миллат, тараққии илму диёнат, пешрафти фазлу ҳунар, салоҳи ахлоқу одоб, хубии майишат ва зиндагонии ҳар тоифаро мактабу маориф аст. («Мулоҳиза» “Ойина”, №2).

****
Дар воқеъ, бидуни пешрафти соҳаи маориф рушди дигар соҳаҳо имконннопазир аст. Ин нукта низ дар Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тазаккур ёфт. Президенти кишвар вобаста ба рушди муназзами ин соҳа махсусан таъкид намуданд, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад.
“Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”,-иброз доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат.
Дар партави ин гуфтаҳо муроҷиати иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Аъзам Ализода ба соҳибкорони ватандӯсту ободгари Мастчоҳ хеле бамаврид ва саривақтист. Зеро ҳамон тарзе ки дар боло ишора рафт, бунёди миллат маҳз аз мактаб оғоз ёфта, роҳи фардои миллатро равшанӣ хоҳад бахшид. Аммо дар ин роҳ имрӯз дасти мадади соҳибкорон барои пешрафти ин соҳа хеле муҳим арзёбӣ мешавад, зеро пешниҳоде, ки аз ҷониби раиси муҳтарам ба соҳибкорон зикр шудаст, метавонад базаи моддию техникии мактабҳоро бо таҷҳизоти муосир таъмин намояд ва пояи донишомӯзии хонандагон аз фанҳои дақиқро дар дабистонҳо мустаҳкаму устувор созад.
Ростӣ, бо мутолиаи ин муроҷиатнома сафҳаҳои таърихи начандон дури миллати тоҷик, хусусан давраҳои бедории халқи мо пеши назар намудор гардиданд, ки ҳанӯз дар оғози садаи бист маърифатпарварони тоҷик сари ин масъала теша бар решаи андеша мезаданд. Ин ҷо муҳим ва заруру саривақтӣ будани ин муроҷиатномаро бо овардани чанд нуктае аз омӯзаҳои маорифпарварони тоҷик тақвият бахшиданӣ ҳастем.
Дар ибтидои садаи бист ҷунбиши маорифпарварӣ ба дунёи маънавияту тафаккур бузургтарин уламо ва удабои маъруф чун устод С.Айнӣ, М. Беҳбудӣ, М. Сироҷ, М. Ҷалол, А. Мунзим, С. Ализода, С. Аҷзӣ, Ҳ.Муин ва чанди дигарро овард, ки ҳар яки онҳо фарзонагони даврон буданд. Ин чеҳраҳои барҷастаи маорифпарварӣ дар оғози садаи бист барои зуҳури матбуот ҳамчун падидаи тозаи адабӣ-фарҳангӣ ва густариши андеша ва омўзаҳои маорифпарварӣ заминаи мусоиде фароҳам оварданд. Дар ин даврони сарнавиштсоз равшангарони тоҷик бо истифода аз ин василаи муҳими таблиғ майдони матбуотро барои тарғиби ормонҳояшон васеъ истифода мебурданд. Дар таълифоти онҳо масоили умдаи ҷомеа дар соҳаҳои мухталиф мавриди бозгўйӣ қарор гирифт. Бо дарки вазъият ва ҳолати нобасомони ҷомеа равшангарон ҳар яке ба сабки мухталиф масоили иҷтимоиро инъикос менамуданд.
Махсусан тарғибу ташвиқи илму дониш ва мактабу маориф чун унсури асосии ҳаёт дар сафҳаҳои матбуоти тоҷикӣ бештар мушоҳида мегардид. Дар навиштаҳои зиёди публитсистони тоҷик илму дониш чун василаи асосии рушди ҷомеа таъкид гардида, талаби илм пеш аз ҳама барои аҳли ҷомеа муҳим ва зарурӣ шуморида шудааст. Чунончӣ, маҷаллаи “Ойина”(1913-1915) чун мубаллиғи илму дониш бештар матолиберо нашр менамуд, ки андешаҳои ҷолибе дар ин бобат дар онҳо баён шуда бошад. Масъалаи ислоҳи таълим ва тадрис дар макотиб аз мавзӯоти мубрами маҷалла ба шумор мерафтанд. Дар маҷалла омадааст: «Миллатҳое ки, аз илму фанни замонавӣ бархурдор нестанд, поймоли миллатҳои дигар мегарданд».
Ислоҳи вазъи таълиму тадрис низ ба сифати яке аз омилҳои муҳими пешрафт ва рушди ҷомеа дар нахустин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои шариф» ҷойгоҳи хосе дорад. Мирзо Ҷалол сардабири нашрия ислоҳи вазъи таълим ва тадриси фанҳои замонавиро ба толибилмон муҳим ва зарур шуморида, ҳамзамононашро ба ҳалли ин масъала даъват менамояд.
Яке аз чеҳраҳои дигари маъруфи ҷунбиши маорифпарварӣ ин Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ба шумор меравад, ки бо навиштаҳои арзишманди хеш ба вусъат ва густариши афкору ҷаҳонбинии мардум мусоидат намудааст. Беҳбудӣ дар аксари нигоштаҳояш афкору ғояҳои пешрави равшангаронро таблиғ намуда, аз беилмӣ, бемаънавиятӣ ва масоили он фарёд мезанад.Ӯ чун равшангари машҳури давр хуб мушоҳида намуда буд, ки сарчашмаи ҳама пешрафту тараққиёт дар соҳаҳои мухталиф мактаб аст. Ба ин хотир Беҳбудӣ дар бештари навиштаҳояш мактабҳои усули ҷадидро тарғиб намуда, ислоҳи макотиби ҷомеаро ҳарчи зудтар талаб намудааст. Яке аз хидматҳои Беҳбудӣ дар он аст, ки ӯ замоне ҳавлии худро барои васеъ намудани мактаб медиҳад.
Ба андешаи Беҳбудӣ, ислоҳи ҷомеа, пеш аз ҳама аз мактаб оғоз меёбад, зеро мактаб роҳи фардоро равшанӣ мебахшад. Ӯ ҳаёти миллатро ба мактаб вобаста дониста, чунин таъкид менамояд:
«Ислоҳ аз куҷо сар мешавад, ҷавоб хоҳанд гуфт, ки «аз мактаб...Чунки ҳаёти миллат вобаста ба мактабу маориф аст. Мактаби... кадом миллат, ки обод аст, он миллат худро мудофиа мекунад……Мактаби .... кадом миллат, хароб ё (дар) таназзул аст, он миллат маҳкуми таданнӣ ва забун аст. Ривоҷи дини миллат, тараққии илму диёнат, пешрафти фазлу ҳунар, салоҳи ахлоқу одоб, хубии майишат ва зиндагонии ҳар тоифаро мактабу маориф аст. («Мулоҳиза» “Ойина”, №2)
Беҳбудӣ ҳамчун мубаллиғи мактабҳои усули ҷадид пайваста зарурати онҳоро дар таълифоташ зикр намудааст. Чунончӣ, дар яке аз онҳо мехонем:
«Бародарони мӯҳтарам, ба ҳамаамон чун офтоб равшан ва аён аст , ки мактаб-оғози тараққиёт, дарвозаи маданият ва санъат аст». Бо назардошти муҳимияти мактаб Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ чун равшангари маъруфи замон ба хотири бештар ҷалб гардидани толибилмон ба мактабҳо ҳавлии худро ба мактаби Шакурӣ медиҳад, то онро чун мактаб истифода намояд.
Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ хусусан ба масъалаҳои забон таваҷҷӯҳи зиёд намуда, ҳамзамононашро даъват ба он менамояд, ки эҳтироми забони модарии хешро пеш аз ҳама ба ҷой оваранд. Беҳбудӣ донистани забонҳои гуногунро баҳри рушду пешрафти ҷомеа ва ҳамчунон равобити адабӣ дар он замон аз умдатарин вазоифи давр мешуморад.
Ин андешаҳои ҷолиби Беҳбудӣ дар шумораи нахустини маҷаллаи «Ойина», дар навиштаи «Ду то не, чор забон лозим аст» баён гардидаанд. Беҳбудӣ саҳми забонҳоро дар рушди маънавию- иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар муҳим арзёбӣ намуда, таъкид менамояд, ки имрӯз барои мо Туркистониҳо туркӣ (ӯзбекӣ), форсӣ (тоҷикӣ), арабӣ ва русӣ хондан лозим аст. Ӯ аз аҳли ҷомеа донистани ин забонҳоро талаб намуда, мақоми онҳоро алоҳида ба хонандагони маҷалла шарҳ медиҳад.
Равшангари дигари тоҷик Ҳоҷи Муин низ мактабро асоси пешрафту рушди ҷомеа шуморида, таъсис ва дастгирӣ намудани онҳоро муҳим мешуморад. Дар чанде аз навиштаҳои ин равшангари маъруф мавсуф андешаҳои пешрави худро ба гунаҳои мухталиф шарҳу эзоҳ додааст. Масалан, Ҳоҷӣ Муин дар яке аз навиштаҳояш " Боиси тараққӣ" аз нақш ва зарурати мактаб дар ҷомеа ёдовар гардида, мегӯяд:
"Мабдаи улум ва маориф мактаб аст, бе мактаб ҳеx яке аз инҳоро ҳосил наметавонем, як дарича чашми ибрат боз намоем ва ба ақвоми соираи мутамадин назар андозем, чи сон барои мактаб ва маориф кeшиш намудаанд, ки аз сад навад лоақал аз сад ҳафтод соҳиби илму ирфонанд " (Самарқанд №39, 27-августи 1913)
Қорӣ Одилбекзода дар яке аз навиштаҳои хеш «Авлоди Ватанро тарбият намудан лозим аст» ба мардум руй оварда, ба онҳо хитоб менамояд, ки замоне расида, ки пайи ислоҳи ҳоли хеш талоше намоем:
«Эй бародарон....! Ва эй ҳамватанони азиз! Акнун вақти он шудааст, моён ҳам такаббур , ҳасад ва нифоқро аз сари худ дур андохта... Дар тарвиҷи улум ва интишори фунун сайъу кӯшиш намоем. Охир мо бо чашми худ мебинем, ки аз баракати илму фунун ҷумла миллатҳо тараққӣ карданд, пеш рафтанд...Ё гумон мекунед, ки барои ислоҳ ва тараққии миллат аз осмон як фавҷи малоика хобидаанд. Пас,чаро ин қадар танбал ва ин дараҷа ғафлат меварзем? “.
Хуллас, матбуот чун ҷавлонгоҳи афкори адибони равшангари тоҷик дар густариши афкор ва маънавиёти ҷомеа дар он замон нақши барҷастае гузошт. Ва дар ин замина чун як нерӯи тавоно ва муассири маънавӣ дар вусъату густариши ормонҳои маорифпарварони тоҷик ба вежа тарғиби мактабу маориф, илму дониш нақши сазовор бозид, ки дар ҳоли ҳозир чун манбаи мӯътамад дар шинохти андеша ва афкори равшангарони тоҷик хидмат менамояд.

Абдуқодири Абдурауф,
номзади илмҳои филологӣ,
махсус барои «Машъал»

____________________
* расм аз сомонаи http://jumhuriyat.tj/




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter