Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

Сокинони вилояти Суғд соли таърихии 2021-ро бо дастовардҳои шоиставу арзанда ҷамъбаст намуданд

11.01.2022 17:16

 

10 январи соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар соли 2021 доир гардид.

Ҷаласа таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва бо иштироки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ҷараён гирифта, дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту идораҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигарон иштирок намуданд.

Раиси вилоят дар оғоз қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соли 2021 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.

Дар раванди  таъмини самтҳои афзалиятноки ҳуҷҷатҳои стратегӣ, аз қабили “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” чораҳои таъхирнопазир андешида, иҷрои ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон – баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишварро бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ маҳаки асосӣ қарор дода, ҷиҳати иҷрои чор ҳадафи стратегӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерўи барқ, саноатикунонии босуръати кишвар, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, инчунин вусъат додани шуғли пурмаҳсул  ҳамаи захираву имкониятҳо ҷалб карда шуданд.

Бо мақсади бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол гирифтани ҷашни таърихии миллат – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъсиси коргоҳҳои саноатии нав, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, тавсеаи раванди рушди соҳаҳои савдою хизматрасонї, дастгирии соҳибкорӣ, рушди сохтмон ва шаҳрсозӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва боғу токзор, афзоиши саршумори чорво, ривоҷи соҳаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ, беҳтар намудани обрасонӣ, барқарор намудани пойгоҳҳои обкашӣ, азхудкунии заминҳои нав, баланд бардоштани боздеҳи замин, рушди ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани маърифати хуқуқии шаҳрвандонро аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор дод.

Таҳлилҳо собит менамоянд, ки аксарияти нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 мусбат арзёбӣ гардида, рушди устувори иқтисодию  иҷтимоии  вилоят таъмин шудааст.

Сипас, доир ба вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-декабри соли 2021 муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ гузориш дод. Иттилоъ дода шуд, ки нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар соли 2021 ба андозаи 106,2  фоиз таъмин гардида, ба буҷет 3 млрд. 277,1 млн. сомонӣ  ворид карда шуд, ки аз нақша 192,5 млн. сомонӣ зиёд аст.

Дар соли 2021 ба буҷети маҳаллии вилоят 2 млрд. 435,2 млн. сомонӣ маблағ ворид гардида, барзиёдиҷрошавӣ 157,1 млн. сомониро ташкил дод, ки баробари 106,9 фоизи нақша мебошад.

Чун ҳарвақта афзалият ба соҳаҳои иҷтимоӣ дода шуда, ба соҳаҳои маориф 1097,5 млн. сомонӣ, тандурустӣ 543,3 млн. сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 23,1 млн. сомонӣ,  фарҳангу варзиш 215,4 млн. сомонӣ ва дар маҷмўъ 1879,3 млн. сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардид, ки 79,0 фоизи хароҷоти умумии буҷетҳои маҳаллии вилоятро ташкил медиҳад.

Барои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ низ корҳои муайян ба сомон расонида шуда, дар моҳҳои январ - сентябри соли 2021 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 258,8 млн. доллари ИМА  сармоя, аз ҷумла 238,4 млн. доллар сармояи хориҷӣ ва 20,4 млн. доллар сармояи дохилӣ ҷалб гардидааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2020 1,84 баробар зиёд мебошад.

Кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро дар соли 2021, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 12 млрд. 299,6 млн. сомонӣ расониданд, ки ба 107,1 фоизи нишондиҳандаи соли 2020 баробар мебошад. Дар соҳаҳои растанипарварӣ ба маблағи 8919,3 млн. сомонӣ ва чорводорӣ ба маблағи 3380,2 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш мутаносибан 106,0 ва 110,0 фоиз таъмин гардидааст.

Барои ҳосили соли 2021 дар масоҳати 279755,5 гектар кишт гузаронида, дурнамои кишти аксари зироатҳо таъмин гардидааст. Аз майдони умумии кишт 234812,0 гектар ё 83,9 фоиз ба корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 44943,5 гектар ё 16,1 фоиз ба аҳолӣ рост меояд.

Дар соли 2021 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 530000 тонна картошка, 572841,8 тонна сабзавот, аз ҷумла 172110,5 тонна пиёз,  93340,7 тонна мевагӣ, аз ҷумла 37506,0 тонна зардолу ва 33779,6 тонна себ, 54734,3 тонна ангур, 155373,9 тонна полезӣ истеҳсол карда шудааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 истеҳсоли картошка 17930,9 тонна, сабзавот 11654,6 тонна, себ 5176,7 тонна, ангур 4161,1 тонна  афзудааст.

Истеҳсоли гўшти чорвою паранда бо вазни зинда 75859,7 тонна, гӯшти моҳӣ 890,6 тонна, шир 276695,5 тонна, тухм 637,9 млн. дона, пашм 1581,1 тонна, пилла 163,0 тонна ва асал 1466,3 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба соли 2020 суръати афзоиши истеҳсоли гӯшти чорвою паранда 113,9 фоиз, моҳӣ 102,4 фоиз, шир 101,4 фоиз, тухм 107,3 фоиз, пашм 102,0 фоиз, пилла 114,1 фоиз ва асал 100,5 фоиз таъмин гардидааст.

Дар соли 2021 тибқи дурнамо бунёди 170 гектар боғ ва 18 гектар токзор пешбинӣ гардида, амалан дар корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонии вилоят 774 гектар боғ ва 26 гектар токзори нав бунёд карда шудааст, ки нисбати нишондоди пешбинишуда мутаносибан 4,6 ва 1,4 баробар зиёд мебошад.

Ҳамзамон, дар доираи барномаи мазкур барқароркунии 700 гектар боғ ва 72 гектар токзор назардошт шуда, амалан дар масоҳати 1280 гектар боғ ва 72 гектар токзор барқарор карда шуд, ки мутаносибан 182,9 ва 100,0 фоизи нақшаи дурнаморо ташкил медиҳад.

Дар соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 20 млрд. 940,4 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2020 бо нархҳои муқоисавӣ 3 млрд. 428,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 131,3 фоиз таъмин гардида, ҳиссаи вилоят дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ ба 55,0 фоиз расонида шуд.

Баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар оид ба таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку ивазкунандаи воридот, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, густариши  иқтидори  содиротии вилоят ва дар ин замина таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии мамлакат як силсила тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардида истодааст.

Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона гардид. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-декабри соли 2021 ба миқдори 1393,9 ҳазор тонна семент ва 1692,8 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шудааст. Ҳамзамон, нисбат ба соли 2020 суръати афзоиши истеҳсоли ресмони пахтагин 117,6 фоиз ва газвори пахтагини тайёр 109,6 фоиз таъмин гардида, дар маҷмўъ, бо назардошти эҳтиёҷоти худӣ 4634,9 тонна калоба ва 7712,5 ҳазор метри мураббаъ газвори пахтагин истеҳсол карда шудааст. Истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ивазкунандаи воридот сол аз сол тавсеа ёфта, дар соли 2021 ба миқдори 5206,0 тонна маҳсулоти макаронӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 2325,5 тонна ё 80,7 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли орд 495,8 ҳазор тонна ва равғани растанӣ 4132,8 тоннаро ташкил намудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маводи асосии сохтмонӣ аз қабили қубурҳои пластикӣ ба миқдори 1303,8 ҳазор метр ё бо суръати афзоиши 116,5 фоиз, рехтаи пӯлодӣ 5860,1 тонна ё 117,6 фоиз, профилҳои алюминӣ барои дару тирезаҳо 6083,2 тонна ё 157,6 фоиз, профилҳои металлӣ 24718,1 тонна, профилҳои пластикӣ 1620,5 тонна ё 102,2 фоиз, маҳсулоти пластмассагӣ 66,4 млн. дона ё 7,8 баробар, бомпӯши оҳанин 106,2 ҳазор метри тӯлонӣ ё 126,3 фоиз ва шишаи сохтмонӣ 38,0 ҳазор метри мураббаъ таъмин карда шудааст.

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ба истифода додани 120 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо 3027 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардида, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда 122 корхонаву коргоҳи нав бо 3056 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуданд.

Дар соли 2021 таъмиру тармими 2099 км роҳ ба нақша гирифта шудааст, ки аз он 187,8 км таъмири асосӣ, 912,6 км таъмири ҷорӣ ва 998,6 км шағалпўш мебошад. Нақшаи таъмиру тармими роҳҳо ҳамагӣ 109,7 фоиз иҷро гардида, 2303,1 км роҳ аз таъмир бароварда шуд, ки аз он 288,8 км таъмири асосӣ, 968,1 км таъмири ҷорӣ ва 1046,2 км шағалпўш мебошад.

Соли таҳсили 2021-2022 дар вилоят 944 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо 579504 нафар, аз ҷумла 283544 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли таҳсили 2020-2021 шумораи муассисаҳо 6 адад ва хонандагон 14273  нафар зиёд мебошад.

Дар соҳаи нигаҳдории тандурустии вилоят бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон, таъмир ва азнавсозии 503 иншооти соҳа ба нақша гирифта шуда, дар солҳои 2018-2021  сохтмон ва таъмиру  азнавсозии 503 иншоот ба итмом расонида шуд, ки ба 100 фоизи нақша баробар аст.

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёд ва таҷдиду азнавбарқароркунии 7577 иншооти таъйиноти истеҳсолию иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда, солҳои 2018 - 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмону азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими 8138 иншоот ба итмом расонида шуд ва иҷрои нақша 107,4 фоиз таъмин гардид.

Зимни таҳлили вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода барои боз ҳам афзун намудани дастовардҳо дар соли 2022, таъмини ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла саноатикунонии мамлакат, тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба масъулин супоришҳо доданд.

Таъкид гардид, ки дар маҷмуъ дар аксари соҳаҳои хоҷагии халқ нишондиҳандаҳо назаррас буда, сокинони меҳнатдӯсти вилояти Суғд соли таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои арзандаву шоиста ҷамъбаст намуданд. Мардуми вилоят бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватани соҳибистиқлол чун дигар сокинони мамлакат ҷашни таърихӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукуҳу ифтихори баланд ҷашн гирифта, зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ барои пешрафту шукуфоии Ватани соҳибистиқлоламон ҷаҳду талош менамоянд.


Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд



Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter