Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

ДАР ТОҶИКИСТОН ГИРИФТАНИ ВОЯИ СЕЮМИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 ОҒОЗ ШУДААСТ

14.01.2022 15:58

 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани вояи сеюми ваксинаи зидди COVID-19 оғоз гардида, аллакай табибон аз реваксинатсия* гузаронида шуда истодаанд. Иттилоъ додааст сомонаи АМИТ «Ховар» бо иснод аз сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии  ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров.

Бино ба гуфти Наврӯз Ҷаъфаров дар навбати баъдӣ омӯзгорон, хизматчиёни давлатӣ ва табақаҳои осебпазири аҳолӣ вояи сеюми ваксинаро мегиранд.

Дар ноҳияи Мастчоҳ низ гирифтани ваксина аз ҷониби аҳолӣ ҳама рӯза дар муассисаҳои тиббӣ идома дорад.

Дилшодбек Гулов дар суҳбат бо рӯзномаи “Машъал” гуфт аз гуруҳи мақсадноки ноҳия, ки 76881 нафарро дарбар мегирад, то ба имрӯз 52426 нафари он вояи 1-ум ва 38078 нафаридигар вояи дуюм гирифтаанд, ки 68,2% аҳолии ноҳияро ташкил медиҳад. 

_________________

*Реваксинатсия – тадбирҳои вобаста ба таҳким додани масунияте, ки баъди ваксинатсияи гузашта ҳосил шудаанд.


Фарҳод Ҷумъазода,

“Машъал”




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter