Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

Шиносоӣ бо сохтмони иншооти гуногун ва ҷараёни корҳои ободонӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

18.01.2022 11:10

 

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ, ки рӯзи 15 январ сурат гирифт, бо рафти таъмири пойгоҳи обкашӣ, омодагиҳо ба мавсими нави киштукор ва бунёди иншооти гуногуни иҷтимоӣ шинос гардид.

Боиси зикр аст, ки дар минтақаҳои кишоварзии вилояти Суғд омодагӣ ба давраи нави обрасонӣ ҷараён дорад. Бо ин мақсад дар пойгоҳҳои обкашӣ корҳои омодагӣ ба мавсими нав идома дошта, дастгоҳҳо ва иншооти обрасонӣ омода карда мешавад. Аз ҷумла, дар ноҳияи Мастчоҳ таъмиру барқарорсозии пойгоҳи обкашии «Янтоқ-2» ҷараён дорад. Пойгоҳи обкашии «Янтоқ-2» 7 адад агрегат дошта, тавассути он наздик 5 ҳазор гектар замин обёрӣ карда мешавад. Айни замон корҳои таъмирии пойгоҳ 90 дарсад анҷом ёфтааст.

Раиси вилоят аснои шиносоӣ ба масъулини Раёсати давлатии беҳдошти замин ва обёрии вилоят, Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Мастчоҳ супориш дод, ки ҳамаи пойгоҳҳои обкашӣ сари вақт ба кор омода карда шаванд.

Сипас, ба роҳбари вилоят нақшаи кишти пахта ва картошкаи барвақтӣ барои соли ҷорӣ муаррифӣ карда шуд. Чуноне иттилоъ дода шуд,  имсол дар ноҳияи Мастчоҳ дар 12 ҳазору 550 гектар пахта ва 250 гектар картошкаи барвақтӣ кишт мегардад.

Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи нақша соли ҷорӣ аз ҳисоби заминҳои талу тепа ҳамзамон дар майдони 50 гектар боғи нав бунёд карда мешавад. Роҳбари вилоят бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба маҷлиси Олӣ бармеояд, таъкид намуд, ки дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишоварзӣ бунёди боғу токзори нав ба назар гирифта шуда, бо ин васила заминҳои аз кишт берунмонда дубора ба кишт дароварда мешаванд.

Раиси вилоят дар идомаи сафар бо фаъолияти гармхонаҳои хоҷагии деҳқонии «Мадина», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдиён- Свердловск», сохтмони фабрикаи паррандапарварӣ ва фермаи чорводорӣ, корхонаи коркарди чормағзи заминӣ, марказҳои хизматрасониву меҳмонхона шинос гардид.

Тавре мушоҳида гардид, дар гармхонаҳои хоҷагии деҳқонии «Мадина» парвариши помидор ба роҳ монда шуда, моҳҳои феврал-апрел ҳосили он ба бозор бароварда мешавад. Фаъолияти босамари гармхонаҳо имкон медиҳад, ки дар мавсими сармо бозори истеъмолӣ бо сабзавоти барвақтӣ таъмин гардад. Роҳбари вилоят зарур шуморид, ки минбаъд гармхонаҳои типи нав бунёд карда шавад ва дар ин росто ҷорӣ намудани таҷрибаи гармхонаҳои “ММК-Агро” дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мувофиқи мақсад дониста шуд.

Ҳангоми боздид аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдиён- Свердловск» иттилоъ дода шуд, ки бо ташаббуси роҳбарияти ҷамъият корхонаи нави парандапарварӣ бунёд гардида истодааст.  Тибқи лоиҳа дар ду бино то 50 ҳазор сар паранда парвариш ва истеҳсоли тухм ба роҳ монда мешавад. Хотиррасон мешавем, ки соли 2020 аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдиён-Свердловск» корхонаи парандапарвраӣ ба фаъолият оғоз намуда буд ва тавассути инкубатор солона то 3 миллион чӯҷа бароварда мешавад. Дар сехи нав бошад истеҳсоли тухм ба таври табиӣ ба роҳ монда шуда, дар навбати аввал барои сохтмону воридоти таҷҳизот бештар аз 4 миллион сомонӣ сармоягузорӣ шудааст.

Дар деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ низ бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ фабрикаи парандапарварӣ ва фермаи чорводорӣ ташкил меёбад. Фабрикаи парандапарварӣ ва фермаи чорводорӣ бо мақсади саҳмгузорӣ дар рушди паррандапарварӣ ва чорводорӣ ташкил гардида, муассиси он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Некбахт» аст. Дар фабрика дар навбати аввал бештар аз 50 ҳазор сар мурғи гӯштӣ парвариш гардида, корхона метавонад дар як сол то 350 тонна гӯшти мурғ истеҳсол намояд.

Раиси вилоят зимни шиносоӣ супориш дод, ки саршумори мурғ ба 100 ҳазор сар расонида шавад. Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Некбахт» имкони васеъ намудани самти фаъолият мавҷуд аст. Бо назардошти ин дастур дода шуд, ки заминҳои ҷамъият ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда, боғу токзори нав бунёд гардад. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Некбахт» ҳамзамон парвариши чорвои калонро ба роҳ монда, аз хориҷи кишвар чорво ворид намудааст.

Сипас, Раиси вилоят ҷараёни васлу насби таҷҳизотро дар корхонаи коркарди чормағзи заминӣ, ки рӯзҳои наздик ба фаъолият шуруъ мекунад, мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Қобили қайд аст, ки ин таҷрибаи коркарди чормағзи заминӣ нав буда, корхона бо иқдоми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҷаъфар-2014» бунёд шуда истодааст. Хати нави истеҳсолӣ аз кишвари Чин ворид гардида, корхонаи коркарди чормағзи заминӣ бо харҷи бештар аз 1,5 миллион сомонӣ фаъол хоҳад шуд. Корхонаи нав дар як сол  4 ҳазор тонна маҳсулотро коркард карда,  15 нафарро бо ҷойи корӣ таъмин месозад.

Дар поёни сафари корӣ Раҷаббой Аҳмадзода ба гузаргоҳи сарҳадии “Фотеҳобод” ташриф оварда, лоиҳаи ободонии гузаргоҳро бо масъулин баррасӣ намуд. Тибқи нақша гузаргоҳи “Фотеҳобод” пура чароғон ва барои сабзу хуррам намудани он тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегардад. Таъкид гардид, ки ҳамарӯза тавассути гузаргоҳ ба кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ва аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон садҳо нафар убур мекунанд. Аз ин хотир бояд ҳамеша гузаргоҳ ободу зебо нигоҳ дошт шавад. Барои амалӣ шудани нақшаҳо масъулин вазифадор карда шуданд.


Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter