Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

Мастчоҳ. Раиси вилоят дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуд

18.01.2022 11:20

 

15 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок карда, ба корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар ноҳия оғоз бахшид.

Бо иштироки роҳбари вилоят, роҳбари ноҳия ва кормандони ташкилоту идораҳо дар ду мавзеъи ноҳия-Боғи фарҳангӣ ва фароғатии "Тоҷикистон" ва қароргоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ниҳолҳои ороишию мевадиҳанда шинонида шуд.

Бино ба иттилои масъулин Боғи фарҳангию фароғатии "Тоҷикистон" 8 гектар масоҳат дошта, он соли 2020 паз аз азнавсозӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буд.

Дар он 2000 адад гул, 520 адад дарахтони ороишӣ, 50 адад дарахти мевадиҳанда мавҷуд буда, боғ ҳамзамон дорои фаввораҳо ва суҳбаткадаҳо мебошад. Бо ташкили ҳашари ниҳолшинонӣ шумораи дарахтони ороишии боғ боз ҳам афзуд.

Дар қароргоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бошад ниҳолҳои мевадиҳандаи чормағз шинонида шуд.

Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия ҷиҳати тақвияти корҳои кабудизоркуниву хуррамгардонӣ ва ободонию созандагӣ супоришҳо дода, қайд кард, ки мавзеъҳои истироҳатӣ ва маконҳои ҷамъиятии ноҳия бояд ҳамеша сабзу хуррам ва тозаву озода бошад.


Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter