Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

АЪЗАМ АЛИЗОДА БА РАФТИ КОРҲОИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ ДАР БЕМОРХОНАИ МАРКАЗИИ НОҲИЯ ШИНОС ШУД

18.01.2022 16:13

 

17 январ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бо мақсади шиносоӣ ба рафти корҳои таъмиру азнавсозии шуъбаҳои ҷарроҳӣ, амрози занони ҳомила ва сохтмони коргоҳи истеҳсоли кислород дар Беморхонаи марказии ноҳия ташриф оварда,  ба ҳолати кор дар шуъбаҳои мазкур дидан кард.

Зимни шиносоӣ аз рафти корҳои таъмир дар шуъбаи ҷарроҳӣ ба Аъзам Ализода иттилоъ дода шуд, ки шуъбаи мазкур дорои 5 ҳуҷра, 25 кати табобатӣ ва 1 ҳуҷраи ординаторӣ буда, дар давоми солҳои истиқлолият як бор рӯи таъмири куллиро дидааст. 

Аъзам Ализода барои хушсифат анҷом додани корҳои таъмиру азнавсозӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Зикр намудан ба маврид аст, ки шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳия бо дастгирӣ ва маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ таъмиру азнавсозӣ шуда истодааст.

Дар ҷараёни ташриф ба Беморхонаи марказии ноҳия Аъзам Ализода ҳамчунин аз шуъбаи амрози занони ҳамила, ки таъмиру азнавсозии он бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ оғоз гардидааст, дидан намуда, ба ҳолати кор дар ин шуъба шинос гардид.

Шуъбаи амрози занони ҳомила аз 5 ҳуҷра ва 15 кати табобатӣ иборат буда, дар тӯли фаъолият ин нахустин бор аст, ки таъмиру азнавсозӣ мешавад. Соҳибкорони маҳаллӣ баъди мулоқот бо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия, ки дар моҳи декабри соли сипаригардида сурат гирифта буд, иқдом гирифтанд, ки дару тирезаҳои шуъбаи мазкурро бо дару тирезаҳои пластикӣ иваз намуда, ҳуҷраҳои табобатии онро рангубор намоянд. 

Лозим ба зикр аст, ки бо ташаббуси ва дастгириҳои иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Аъзам Ализода дар назди Беморхонаи марказии ноҳия коргоҳи истеҳсоли кислород бунёд карда мешавад. Зеро дар авҷи гирудорҳои пандемия норосоии кислород дар беморхона мушкилиҳои зиёдеро ба вуҷуд оварда буд. Ҳоло бо дастгирии мақомоти иҷроия сохтмони ин коргоҳ оғоз гардида, таҳкурсии бино сохта шудааст. Коргоҳи мазкур барои 18 нуқтаи кислородтаъминкунии шуъбаҳои амалиётҳо, эҳё ва таваллудхона, инчунин дигар муассисаҳои табобатии ҷамоату шаҳракҳои деҳот нигаронида шудааст. Бо баробари бунёди ин коргоҳ мушкилоти норасоии кислород дар ноҳия аз байн хоҳад рафт.

Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ соли 1964 бунёд гардида, дорои 275 кати табобатӣ ва 12 шуъбаи муоинавию муолиҷавӣ мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар борҳои рӯи таъмири куллиро дидааст.

Дафтари матбуотии

Раиси ноҳияи Мастчоҳ




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter