Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

ШИНОСОИИ АЪЗАМ АЛИЗОДА БА ШАРОИТИ ТАЪЛИМ ДАР МУАССИСАИ ТОМАКТАБИИ №4

18.01.2022 17:00

 

17 январи соли 2022 иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода аз Муассисаи таълимии томактабии №4 –и  ҷамоати деҳоти Мастчоҳ дидан намуда, ба шароити таълиму тарбия дар муассисаи мазкур шинос гардид.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар кӯдакистони мазкур 90 нафар кӯдак ба тарбия фаро гирифта шуда, ба онҳо 5 мураббия таълиму тарбия медиҳанд.

Муассисаи таълимии томактабии №4 ҳанӯз охирҳои солҳои 50-уми асри гузашта ҳамчун бинои собиқ колхоз бунёд ёфта, он баъдан соли 1984 ба кӯдакистон табдил дода шудааст. Айни замон дар кӯдакистон мазкур аз се хоҷагии ҷамоати Мастчоҳ, аз ҷумла АХД “Ҳоҷӣ Амиров”, “Зарафшон” ва “Сомониён” кӯдакон ба тарбия фаро гирифта мешаванд. 

Аъзам Ализода зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар ин муассиса ба масъулин дастур дод, ки барои бартараф намудани мушкилиҳо, аз ҷумла таъмири бом ва фарши бино, инчунин аз таъмири куллӣ баровардани бинои иловагии муассиса дар доираи нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроия ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Таъкид карда шуд, ки  бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф сол аз сол рушд ёфта, бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Мастчоҳ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ роҳандозӣ гардида истодааст.

Санъат Нозимова мудири муассисаи мазкур зимни суҳбат гуфт,ки муроҷиатҳо аз ҷониби волидайн барои ба тарбия фаро гирифтани фарзандонашон сол аз сол зиёд гардида истодааст, аммо муассисаи мазкур имконияти ғунҷоиши зиёди кӯдаконро надорад, зеро ба таъкиди ӯ кат ва синфхонаҳо намерасад.

“Кудакистони мо асосан барои 100 нафар пешбинӣ шудааст, аммо аз сабаби тангии ҷой, набудани катҳои иловагӣ мо наметавонем ин миқдор кӯдакро дар муассиса ғунҷонем. Ҳоло 90 нафар кӯдак  ба тарбия фаро гирифта шуданд, лекин муроҷиатҳои   волидайн  хеле зиёд аст. Мо ба ҳукумати  ноҳия лоиҳаи азнавсозии бинои кӯдакистонро пешниҳод кардем, ки дар сурати таъмиру азнавсозӣ шудани муассиса метавонем то 200 нафар кӯдакро  ба тарбия фаро гирем. Боварии комил дорем, ки бо дастгирии раиси ноҳия ин мушкил роҳи ҳалли худро меёбад”,- иброз намуд зимни суҳбат Санъат Нозимова –мудири кудакистони №4.

Дар ноҳияи Мастчоҳ айни замон 13 кӯдакистон, аз ҷумла 2 кӯдакистони хусусӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 1435 нафар кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудаанд.

Руқиямоҳ Бобоева, 

“Машъал” 




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter