Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

ДАР ХИЁБОНИ МАРКАЗӢ ВА БОҒИ ФАРҲАНГӢ БЕШ АЗ 300 БЕХ НИҲОЛҲОИ ОРОИШИВУ СОЯАФКАН ШИНОНДА ШУД

22.01.2022 13:25

 

Имрӯз, 22 январ дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонию кабудзорконӣ дар боғи фарҳангии “Тоҷикистон” ва хиёбони марказии шаҳраки Бӯстон беш аз 300 бех ниҳолҳои ороишӣ бо иштироки васеи кормандони бахши фарҳанг ва хоҷагии манзилию коммуналӣ шинонида шуд.

Тавре дар суҳбат бо мо мудири бахши фарҳанги ноҳия Маҳмадшариф  Шодиев изҳор дошт, бо мақсади афзун намудани шумораи ниҳолҳои ороишиву сояафкан дар Боғи фарҳангӣ ва фароғатии “Тоҷикистон” имрӯз бо иштироки кормандони ин бахш ниҳолҳои ороишии палма –магнолия, сосна, бручина ва гули садбарг, дар маҷмуъ 40 бех ниҳол ва зиёда аз ҳазор гул шинонида шуд.

Боғи фарҳангию фароғатии "Тоҷикистон" 8 гектар масоҳат дошта, он соли 2020 пас аз азнавсозӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буд.

Дар он 2000 адад гул, 520 адад дарахтони ороишӣ, 50 адад дарахти мевадиҳанда мавҷуд буда, боғ ҳамзамон дорои фаввораҳо ва суҳбаткадаҳо мебошад. Бо ташкили ҳашари ниҳолшинонӣ шумораи дарахтони ороишии боғ боз ҳам афзуд.

Руқиямоҳ Бобоева,

“Машъал”




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter