Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

АЪЗАМ АЛИЗОДА РАИСИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ ИНТИХОБ ШУД

31.01.2022 09:01

 

Дар конференсияи Федератсияи футболи ноҳияи Мастчоҳ, ки 29 январи соли 2022 бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ва муовини аввали Федератсияи футболи вилояти Суғд Хуршед Ақдодов баргузор гардид, Аъзам Ализода раиси аъзои Федератсияи футбол, Хусравбек Ҷаҳонгиров муовини аввал ва Ботурхӯҷа Ҳоҷиев муовини  Раиси Федератсияи футболи ноҳия интихоб шуданд.

Муовини аввали Федератсияи футболи вилоят Хуршед Ақдодов Аъзам Ализодаро барои интихоб гардидан ба раисии Федератсияи футболи ноҳия табрик гуфта намуд, ки солҳои охир футбол дар ҷумҳурӣ таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистонки муҳтарам Рустами Эмомалӣ рушд карда истодааст. 

Зикр гардид, ки дар доираи “Барномаи рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024” иштироки дастаҳои футболи ноҳия дар лигаҳои гуногуни мамлакат ва барои пешбурдан ва мусоидат намудан дар рушди футболи кудакону наврасон тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Дар навбати худ Раиси ноҳия Аъзам Ализода миннатдории худро ба роҳбарияти  Федератсияи футболи Тоҷикистон, Федератсияи футболи вилоят баён намуда изҳор намуд, ки барои иштироки дастаи ноҳия дар мусобиқоти Лигаи дуюм аз ҳама имкониятҳо истифода бурда барои роҳхат гирифтан ба Лигаи якум кӯшиш хоҳанд кард. 

Зикр карда шуд, ки дар ноҳияи Мастчоҳ барои рушди футбол тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шуда, футболбозони ноҳия аз чунин дастгириҳо руҳбаланд гардида, барои ноил шудан ба комёбиҳои шоиста дучанд талош менамоянд.

Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ





Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter