Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

ВУСЪАТИ ПЕШРАФТИ СОҲАҲОИ ИЛМУ МАОРИФ, ҲИФЗИ САЛОМАТИИ АҲОЛӢ ВА АВҶИ РАВАНДИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ

02.02.2022 17:59

 

Хулосаҳо аз ҷаласаи Шӯрои мутобиқсозию методӣ бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраки Бӯстон ва Суғдиён

Дар ҷаласаи навбатии аъзои Шӯрои мутобиқсозию методӣ, ки рӯзҳои 1 ва 2 феврал дар ҷамоатҳои шаҳраки Бӯстон ва Суғдиён бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ва роҳбарони сохторҳои қудратӣ баргузор гардид, масъалаҳои пешгирии ҷинояткорӣ, қонуншиканиҳо дар самти замин, муроҷиатҳои шаҳрвандон ва рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.

Судяи Суди ноҳияи Мастчоҳ Муҳсин Убайдзода доир ба самтҳои қонунгузории кишвар ва риояи талаботҳои қонуни танзим, ки дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардида буд, ибрози андеша намуда, зикр кард, ки дар ин самт қонуншиканиҳо дар ноҳия ба қайд гирифта шудааст.

Убайдзода барои гирифтани пеши роҳи қонуншиканиҳо аз шаҳрвандон даъват ба амал овард, ки  талаботҳои қонунро риоя намоянд.

Абдуллоҷон Абдуллозода прокурори ноҳияи Мастчоҳ вобаста ба қонуншиканиҳо дар самти замин таваҷҷуҳ намуда, таъкид кард, ки доир ба ин масъала аз ҷониби шаҳрвандон ба мақомоти прокуратура шикоятҳо ворид гардидааст. 

Зикр карда шуд, ки Пешвои миллат кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон доир ба истифодаи самаранокии замин ва баланд бардоштани ҳосилнокии он махсусан таъкид шудааст, аммо бо вуҷуди ин баъзе аз шаҳрвандон ба ҷои пурсамар истифода бурдани замин, ба қонуншиканиҳо роҳ дода, заминҳои кишоварзиро худсарона ғасб намуда, хонаҳои истиқоматӣ бунёд менамоянд.

Сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Мастчоҳ Фирдавсӣ Асроров доир ба пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои террористиву эктремистӣ сухан ронда, зикр кард, ки вақтҳои охир гуруҳҳои ифротӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ маълумотҳои бардурӯғ паҳн намуда, иғво андохта истодаанд. 

Фирдавсӣ Асроров бо таваҷҷуҳ ба муноқишаи мусаллаҳонаи байни сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ки шоми 27 январи соли равон дар маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара рух дод, зикр кард ки нисбати ин ҳодиса набояд ҳар як шаҳрванд бетараф бошад. Асроров аз ҷавонони ғаюри ватандӯсту меҳанпараст даъват ба амал овард, ки ҳамеша барои ҳафзи марзу буми ватани худ омода бошанд ва зиёракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия Муҳаммадӣ Қосимзода вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа доштанд, ибрози назар намуда, тазаккур дод, ки вақтҳои охир ҷинояткорӣ, хусусан муноқишаҳо, авбошиҳо ва дуздӣ миёни ноболиғону ҷавонон ба мушоҳида мерасад. 

Садори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ аз шаҳрвандон ва падару модарон даъват намуд, ки фарзандонашонро аз корҳои беҳуда ва амалҳои ношоиста боз дошта, дар руҳияи худшиносиву ватанпарастӣ ба таври шоиста тарбия намоянд.

Аъзам Ализода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ, пардохти саривақтии андозҳо, бедор намудани ҳисси худишиносию ватанпарастии ҷавонон ва бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта сухан ронда, таъкид намуд, ки барои ноил гардидан ба комёбиҳо мебояд шаҳрвандон, фаъолон ва соҳибкорони маҳаллӣ бо мақомоти марбута ҳамкории созандаро ба роҳ монанд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия изҳор боварӣ намуд, ки сокинони сарбаланди ноҳияи Мастчоҳ ҷиҳати татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, махсусан амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи эълони “Солҳои 2022-2026-солҳои рушди саноат”, мусоидат баҳри вусъати пешрафти соҳаҳои илму маориф, тарбияи шоистаи фарзанд, ҳифзи саломатии аҳолӣ, авҷи раванди созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ  тамоми саъю кӯшиши худро равона менамоянд.

Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ 




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter