Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

СИТОДИ ДАЪВАТИ ҲАРБӢ: КОРБАРӢ ДАР ҲУДУДИ ҶАМОАТҲО ПУРЗӮР КАРДА ШАВАД

16.02.2022 19:40

 

Имрӯз, 16 феврал бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таҳкими иқтидори мудоифаи кишвар, вазифагузориҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, аз ҷумла рафти қарори Раиси вилоят аз 27 декабри соли 2021, №604 “Дар бораи гузаронидани корҳои омӯзишии пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони соли таваллудашон 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ ба даъвати баҳории соли 2022” бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода, муовини раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, комиссариати ҳарбӣ, раисони ҷамоатҳо ва фаъолони ноҳия ҷаласаи ситоди сайёр баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои гузаронидани корҳои омӯзишии пеш аз даъватӣ, ба роҳ мондани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар ҷамоатҳои деҳот, ба хизмати ҳарбӣ даъват намудани фарзандони синну соли даъватӣ аз оилаҳои шахсони мансабдор, зиёиён ва тоҷирону соҳибкорон, бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ва дигар масъалаҳои марбут ба даъвати ҳарбии баҳорӣ мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор гирифтанд.

Даврон Зоҳидзода муовини Раиси вилояти Суғд ҳадаф аз баргузории ситоди сайёр оид ба даъвати ҳарбиро бартараф намудани камбудиву мушкилоти ҷойдошта, пайдо кардани сабабу омилҳои саркашӣ аз даъвати ҳарбӣ ва тақвияту густариш бахшидан ба корҳои ташвиқотию тарғиботӣ арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ набояд ҳеҷ як аз мо бетараф бошем.

“Мақсад аз баргузор намудани ҷаласаи ситоди сайёр, ки дар 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, тибқи дастуру супоришҳои раиси вилоят доир гардида истодааст, пеш аз ҳама пурзӯр намудани корҳои тарғиботӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмат ва ба иҷро расонидани нақшаи даъват дар муҳлати муайяншуда мебошад. Бо натиҷагири аз даъватҳои қаблӣ ба ин хулоса расидем, ки бояд ҳарчи зӯдтар он сабабу омилҳое, ки садди ин роҳ мешавад, пайдо кунем, омӯзиш гузаронем ва маъракаи даъватро сарбаландона ба иҷро расонем”,-иброз дошт муовини раиси вилоят Даврон Зоҳидзода.

Дар идомаи кори ҷаласа раиси ситоди даъвати ноҳия Муллосоқӣ Атовуллозода, комиссари ҳарбӣ Аҳадҷон Аҳмадзода, духтури калони комиссияи даъват ва раисони ҷамоатҳо доир ба рафти иҷроиши қарори раиси вилояти Суғд ва мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ҳисобот доданд. 

Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Аъзам Ализода вобаста ба ҷалби бештари ҷавонони синни даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ ва ба роҳ мондани корҳои омӯзишии пеш аз даъват ба масъулин дастур дод, ки доир ба босифат ва муташаккилона гузаронидани чорабиниҳои маъракаи даъват дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо мақсади пеш аз муҳлат ба иҷро расонидани нақша корбариро пурзӯр намоянд.

Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ



Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter