БОЗДИД АЗ МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ НАВБАҲОР

24.02.2022 09:47

 

22 феврал иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода аз муассисаҳои тандурустии Ҷамоати деҳоти Навбаҳор дидан карда, бо табибон ва ҳамшираҳои шавқат суҳбат намуд.

Зимни боздид аз беморхона ва маркази саломатӣ Аъзам Ализода бо шароити табобат ва таъминоти доруву таҷҳизоти тиббӣ дар ин муассисаҳо аз наздик ошно шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки беморхонаи Ҷамоати деҳоти Навбаҳор аз 3 шуъба: шуъбаи амрози дохила, шуъбаи кӯдакона ва шуъбаи солимгардонии модарон иборат буда, дорои 35 кати табобатӣ мебошад.

Дар беморхона 33 нафар, аз ҷумла 27 нафар ҳамшираҳо кору фаъолият доранд.

Зимни суҳбат бо табибон маълум гардид, ки беморхона ва маркази саломатӣ бо таъмир ва дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ ниёз доранд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Аъзам Ализода барои таъмир ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин намудани беморхона ва маркази саломатии ҷамоати мазкур ба масъулин дастур дод.

Таъкид гардид, ки беморхона ва маркази саломатӣ дар доираи барномаҳои соҳа, аз ҷумла «Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар бахши тандурустӣ» таъмиру азнавсозӣ гардида, шароити хизматрасонии тиббӣ дар ин муассисаҳо беҳтар карда шавад.

Зикр гардид, ки бо дастгирии вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳия дар моҳи январи соли равон беш аз 60 номгӯи таҷҳизоти муосири тиббӣ ба Беморхонаи марказии ноҳия дастрас гардидааст. Ҳамчунин бо дастгирии мақомоти иҷроия ва соҳибкорони маҳаллӣ шуъбаи ҷарроҳӣ ва шуъбаи амрози занони ҳомилаи беморхона таъмиру азнавсозӣ шуда истодаанд.

Дар ноҳияи Мастчоҳ 48 адад муассисаи тиббӣ, аз ҷумла 7 адад хусусӣ фаъолият мекунад, ки 32 адади он дар минтақаҳо ва деҳот ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.


Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter