Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

ШИНОСОӢ БО ШАРОИТИ ТАЪЛИМ ДАР МУАССИСАИ ТОМАКТАБИИ №3

24.02.2022 09:51

 

22 феврали соли 2022 иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода аз Муассисаи таълимии томактабии №3 –и  Ҷамоати деҳоти Навбаҳор дидан намуда, ба шароити таълиму тарбия дар ин муассиса шинос гардид.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар кӯдакистон 138 нафар кӯдак, аз ҷумла 67 нафар духтар ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар ин муассиса ҳамагӣ 27 нафар кору фаъолият менамоянд, ки 22 нафарашон зан мебошанд. 

Муассисаи таълимии томактабии №3 соли 1973 бунёд ёфта, дар замони соҳибистиқлолии кишвар борҳо бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ таъмир шудааст. 

Аъзам Ализода зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар ин муассиса ба масъулин дастур дод, ки барои бартараф намудани мушкилиҳо, аз ҷумла таъмири боми кӯдакистон ва иваз намудани дару тирезаҳои он дар соли равон тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Таъкид карда шуд, ки  бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф сол аз сол рушд ёфта, бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Мастчоҳ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ роҳандозӣ гардида истодааст.

Дар ноҳияи Мастчоҳ айни замон 13 кӯдакистон, аз ҷумла 2 кӯдакистони хусусӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо ҳамагӣ 1435 нафар кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудаанд.

Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter