Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

ШИНОСОӢ БО ҲОЛАТИ ТЕХНИКӢ ВА ОМОДАГИИ ТЕХНИКАҲОИ КИШОВАРЗӢ

24.02.2022 13:04

 

23 феврали соли 2022 иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бо муовини Раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо ва сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Олимбек Юлдошзода дар Маркази хизматрасонии техникӣ, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Оббурдон бо ҳолати техникӣ ва омодагии техникаҳои кишоварзӣ барои кишти барвақтии зироатҳо шинос шуда, бо аҳолӣ ва раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ суҳбат намуданд.

Зимни шиносоӣ маълум гардид, ки ҳамаи техникаҳо бо аккумулятор, чароғҳои равшанидиҳанда, плуг ва дигар олатҳои ҷуфткунандаи замин таъмин карда шудаанд.

Таъкид карда шуд, ки соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки мамлакат маҳсуб ёфта, кишоварзон ҷиҳати расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – таъмини амнияти озуқаворӣ нақши арзанда дорад.

Зариф Мирдадо бо таваҷҷуҳ ба самараноку оқилона истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ ва аз худ намудани заминҳои нав изҳори боварӣ намуд, ки кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ дар соли ҷорӣ барои таъмин намудани аҳолии мамлакат ва бозорҳои худӣ бо маҳсулотҳои босифати озуқаворӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода доир ба кишти зироатҳои барвақтӣ суханронӣ намуда, зикр кард, ки  кишоварзони ноҳия бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда кӯшиш ба харҷ медиҳанд то ҳосили дилхоҳ ба даст оваранд ва дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзандаи худро гузоранд. 

Дар охир механизаторон ва хоҷагидорони беҳтарин бо туҳфаву сипосномаҳои Раиси вилояти Суғд қадрдонӣ карда шуданд.


Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter