Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

АЪЗАМ АЛИЗОДА: МОДАР МУҚАДДАСТАРИН МАВҶУДИ ОЛАМ ВА ХУРШЕДИ МУҲАББАТУ САДОҚАТ АСТ

05.03.2022 18:08

 

Дар ҳамоиши идонае, ки имрӯз 5 март дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ ба муносибати ҷашни Рӯзи Модар баргузор гардид, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Аъзам Ализода ва мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими вилояти Суғд Суҳроб Рустамзода иштирок намуда, занону бонувонро ба ифтихори ин рӯз табрику муборакбод намуданд. 

Аъзам Ализода зимни суханронӣ аз мақому манзалат занону бонувон дар пешрафти ҷомеа, ҳаёти сиёсӣ ва ҳифзи хонавода ёдовар шуда, иброз дошт, ки зан ба унвони модар дар ҷомеаи суннатии мо ҷойгоҳи хосаеро доро мебошад. 

Таъкид карда шуд, ки модар на танҳо сарчашмаи ҳаёт, балки такмилдиҳандаи пояи маънавию зеҳнии ҳар фард буда, дар раванди зиндагӣ барои азхуд намудани рукнҳои шоистаи фарҳанги оиладорӣ, ватандориву эҳтироми ҳамдигарӣ ва қадршиносиву пос доштани арзишҳои милливу динӣ саҳми арзанда мегузорад.

“Боиси ифтихору сарфарозии мо ва тамоми сокинони ноҳия аст, ки модарону бонувони Мастчоҳ ба мисли тамоми занону модарони мамлакат дар пешрафту ободии Ватан саҳми бузургу шоистаи худро мегузоранд. Занону модарон ва хоҳарону духтарони ноҳия бо маҳорату малоҳат, ғайрату шуҷоат, садоқату иффат ва нангу номуси баланди худ барои ободии диёр ва фардои дурахшони Ватан софдилона заҳмат мекашанд. Чунин ғуруру ифтихор, албатта, аз дили поку нияти нек ва нангу номуси занону модарони ноҳия сарчашма мегирад”,-иброз дошт Аъзам Ализода.

Сипас, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Суҳроб Рустамзода номаи шодбошии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи занону бонувони ноҳия расонид.

Зикр карда шуд, ки бузургдошти Рўзи Модар дар қаламрави кишвар аз таваҷҷўҳи пайвастаи давлату Ҳукумат ва арҷгузорӣ ба рисолати муқаддаси ин олиҳаи зиндагист, зеро модарону бонувони азизи мо дар амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи кишвар саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Модарон сарчашмаи беинтиҳои меҳру вафодорӣ ва меҳнатдўстӣ буда, дар пешрафти рўзгори фарҳангиву маънавии ҷомеа, тарғиби анъанаҳои миллӣ, таълиму тарбияи насли наврас, ба камол расонидани инсони комил ва рушди нерўи инсонӣ нақши арзанда мебозанд. Онҳо бо дарки масъулияти баланди ватандўстӣ барои ташаккули андеша ва тафаккури пешрафта, тарғиби дастовардҳои истиқлол, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва тавсеаву густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ дар ҷомеа ҳамеша саъю талош менамоянд.

        Пас аз анҷоми суханрониҳо ба як гуруҳ занону бонувон ва модарони ноҳия барои фаъолияти пурсамар дар пешрафти ҷомеа ва саҳми арзанда гузоштан дар ободонии диёр  бо Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

Барномаи пурмуҳтавои консертии бахши фарҳанги ноҳия чорабиниро шукуҳу шаҳомати тоза бахшид.

Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ





Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter