АЪЗАМ АЛИЗОДА: ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАШНИ НАВРӮЗИ ОЛАМАФРӮЗ АЗ НАВРӮЗИ ДЕҲОТИ ПАЛДОРАК ОҒОЗ МЕЁБАД
Имрӯз, 8 март иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода дар ҷашни Наврӯзи мардуми деҳоти Палдораки ноҳия иштирок намуда, аҳолии ин деҳотро ба ин ҷашни фархундаи миллӣ табрику таҳният гуфт.
Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон ҷашни Наврӯзи оламафрӯз аз Наврӯзи деҳоти Палдорак оғоз меёбад.
“Шумо мардуми сарфарозу иззатманди Палдорак ҷашни Наврӯзро ҳамчун ганҷинаи фарҳанги миллӣ аз ҳама пештар таҷлил менамоед. Зеро ин ҷашн ба қалби хурду бузург шодӣ мебахшад, тамоми афроди ҷомеаро сарҷамъ месозад ва кулли мардумро ба дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар фаро мехонад”,-иброз дошт иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Аъзам Ализода.
Маврид ба зикр аст, ки мардуми деҳоти Палдорак ҳама сола ҷашни Наврӯзро дар Рӯзи Модар ҳамчун нишони иззату эҳтиром ба муқаддастарин мавҷуди олам – Зан – Модар таҷлил менамоянд.
Аъзам Ализода ҳамчунин бо ёдоварӣ аз суннату анъанаҳо ва аз нав эҳё гардидани ин ҷашни ниёгон зикр намуд, ки “Шукӯҳи минбаъдаи Наврӯзи Палдорак дар киштукор ва ғайрату ҳиммати кишоварзони он ифода меёбад.
“Боварии комил дорам, ки мардуми шарифи деҳоти Палдорак бо таҷлили ҷашни Наврӯзи имсола барои татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, вазифагузориҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бештар саъю талош карда, баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашнҳои дар пеш истода саҳми шоистаи худро мегузоранд”, - таъкид намуд Аъзам Ализода.
Пас аз суханрониҳо Аъзам Ализода ба ду варзишгари ин деҳот, ки дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ғолибият ба даст овардаанд, туҳфа ва Шаҳодатномаи устоди варзиш тақдим намуд.
Шоистаи зикр аст, ки мардуми Палдорак барои таҷлили ин ҷашн бо камоли муҳаббату садоқат омодагӣ мегиранд. Наврӯзгоҳро ороста ва дастархони идонаро омода мекунанд. Дар майдони гӯштигирӣ паҳлавонони деҳа ва варзишгарон аз тамоми гӯшаву канори мамлакат, инчунин аз кишварҳои ҳамсоя ба ҳам қувваозмоӣ менамоянд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ