МАТБУОТ - ОИНАИ РӮЗГОР ВА МУҲИМТАРИН РУКНИ ҶОМЕА Паёми табрикии иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бахшида ба Рӯзи матбуот
Муҳтарам кормандони соҳаи матбуот!
Рӯзноманигорони азиз!
Бо камоли шодию ифтихор ҳамаи Шумо – аҳли қалам, кормандони воситаҳои ахбори омма, собиқадорон ва рӯзноманигорони азизро ба муносибати фарорасии Иди касбиатон – Рӯзи матбуоти тоҷик самимона аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам табрику муборакбод гуфта, бароятон тансиҳатию саодати рӯзгор, бахту иқболи баланд, тамоми хушиҳои зиндагӣ ва дар ҷодаи пуршарафи фаъолият файзи эҷод ва комёбиҳои бузургро орзумандам.
Нашри нахустин рӯзномаи тоҷикии “Бухорои Шариф”, ки 110 сол пеш, санаи 11 марти соли 1912 ба вуқӯъ пайваст, сароғози матбуоти миллии тоҷик ба шумор меравад. Маҳз, бо назардошти нақши созандаи “Бухорои Шариф” дар таҳаввулу ташаккули афкори солиму созандаи аҳли ҷомеа, рушди мактабу маориф, фарҳанг, ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ санаи нашри нахустин шумораи он, яъне 11 март дар даврони Истиқлоли давлатӣ ҳамчун иди касбии аҳли матбуот муқаррар гардид.
Шоистаи зикр аст, ки замони Истиқлоли давлатӣ давраи нави инкишофу рушд ва пешрафти матбуоти тоҷик ба шумор меравад. Дар ин давра, ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “матбуоти мо ба хотири муттаҳид кардани тамоми қувваҳои солими ҷомеа, пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол, расидан ба ваҳдати миллӣ, баргардонидани гурезаҳо, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи демократӣ, инкишоф додани иқтисодиёти кишвар ва баланд бардоштани эътибори байналмилалии давлати тозаистиқлоли мо фаъолияти муассир нишон дод.
Матбуоти тоҷик, сарфи назар аз шакли моликият, дар даврони истиқлол тадриҷан рушду такомул ёфта, имрӯз ба Тоҷикистон ва мардуми он софдилона ва содиқона хизмат менамояд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар мамлакати мо барои пешрафт ва фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд ва пайваста такмил дода мешаванд”.
Боиси ифтихор аст, ки имсол дар баробари таҷлили 110-cолагии “Бухорои Шариф” аз нашри нахустин шумораи нашрияи ноҳиявии “Машъал” 85 сол пур мешавад. Ин рӯзнома давоми ҳаштоду панҷ соли фаъолияти худ дар инъикоси таҳаввулот ва набзи ҳаёти ноҳия нақши бузургу созанда дорад. “Машъал” машъали пурнуру дурахшони фарҳангу маънавиёт, илму дониш, хираду тафаккур ва минбари розу ниёзи мардуми ноҳия мебошад. Бо шарофати мактаби эҷодии “Машъал” рӯзноманигорону адибон, олиму донишмандон ва фарҳангиёни касбии диёрамон ба камол расиданд, ки имрӯз дар тамоми мамлакат ва берун аз он бо осори пурмазмуни худ ифтихори мо мебошанд.
Таъсиси нашрияи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо номи “Нигоҳи халқ” яке аз дастовардҳои арзандаи матбуот дар даврони Истиқлолият маҳсуб меёбад. Зеро дар саҳифаҳои нашрияи ҳизбии “Нигоҳи халқ” баробари тарғиби ғояҳои созанда ва фаъолияти ҳизб, инчунин набзи иқтисодию иҷтимоӣ, маънавию фарҳангии ҳаёти аҳли ҷомеа пайваста инъикос меёбад. Ба ин васила “Нигоҳи халқ” ҳамчун минбари созандаи мафкураи солим дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба иттилот саҳми шоиста мегузорад. Соли 2021 “Нигоҳи халқ” ба сифати “Нашрияи муваффақи маҳаллӣ” нахустин барандаи Ҷоизаи ба номи Асадулло Саъдуллоев гардид. Матлабҳои таҳлилию ташреҳии сардабири рӯзнома вобаста ба вазъияти рӯз, ҳалли мушкилоти мубрам ва чеҳранигории шахсиятҳои варзидаи ноҳия аз ҷумлаи беҳтарин маводи журналистӣ дар таърихи матбуоти даврони Истиқлолият ба шумор мераванд.
Айни замон дар фазои иттилооти ноҳия ҳамчунин нашрияи “Суханвар” ба сифати минбари аҳли мактабу маориф фаъолият менамояд, дар саҳифаҳои он навиштаҳои ҷолибу хонданӣ ва пурмазмун вобаста ба таълиму тарбияи шоистаи насли наврас ва маҳсули қалами соҳибистеъдодҳои ҷавон ба нашр мерасанд. Саҳми ТВ “Мастчоҳ” ҳам дар таъмини фазои солими иттилоотӣ, инъикоси дастоварду комёбӣ, таърихи даврони соҳибистиқлолӣ ва ташаккули фарҳангу ҷаҳонбинии сокинон дар ноҳия басо назаррас мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати рушди минбаъдаи воситаҳои ахбори омма ва арҷгузорию қадршиносии аҳли матбуот пайваста тадбирҳои муассир меандешад.
Итминони комил дорам, ки кормандони матбуот, махсусан рӯзноманигорон ва аҳли қалами ноҳия ҳамеша бо фаъолияти шоиставу ибратпазир баҳри инъикоси воқеии набзи ҷомеа, тарғиби сиёсати созанда ва ҳифзи фазои солими мафкуравӣ саҳми шоистаи худро мегузоранд.
Бо чунин ниятҳои неку наҷиб бори дигар фарорасии Рӯзи матбуот, 110-умин солгарди таъсиси онро ба ҳамаи кормандони соҳа самимона табрику муборакбод гуфта, барояшон саломатӣ, саодати зиндагӣ ва тамоми хушиҳои олам ва файзу баракати эҷодро таманно дорам.
Иди касбӣ муборак, аҳли матбуот - оинадорони Тоҷикистон!