Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

ҚАДРШИНОСИИ РӮЗНОМАНИГОРОН

14.03.2022 15:20

 

Санаи 11 март дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Аъзам Ализода ва рӯзноманигорон ба муносибати 110-солагии матбуоти тоҷик ҳамоиши идона баргузор гардид.

Аъзам Ализода рӯзноманигорони ноҳияро ба муносибати Рӯзи матбуот ва 110-солагии нахустрӯзномаи тоҷикии “Бухорои Шариф” табрику муборакбод намуда, мутбуотро оинаи рӯзгор ва муҳимтарин рукни ҷомеа арзёбӣ кард.

Таъкид гардид, ки матбуоти тоҷик, сарфи назар аз шакли моликият дар даврони соҳибистиқлолии кишвар тадриҷан рушду такомул ёфта, имрӯз ба Тоҷикистон ва мардуми он софдилона ва содиқона хизмат намуда истодааст.

Сипас, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии “Машъал” Фитрати Ҳикмат доир ба нақши воситаҳои ахбори омма дар рушди маънавиёти мардум, саҳми рӯзномаҳои маҳаллӣ дар инъикоси рӯйдоду воқеаҳои рӯз, афкори умум ва таҳкими андешаҳои миллӣ суханронӣ намуд.

Зикр гардид, ки васоити ахбори умум ва рӯзноманигорон дар ҳама давру замон на танҳо яке абзорҳои қавии созандагии фарҳанги сиёсӣ ва тафаккури аҳли ҷомеа буданд, балки ба унвони муассиртарин василаи ҳидояти ҷомеа барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ нақши боризи худро гузоштаанд.

Дар охир аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Аъзам Ализода як зумра рӯзноманигорон барои фаъолияти пурсамар, нақши арзанда дар рушди воситаҳои ахбори омма, инъикоси воқеъбинонаи самтҳои ҳаёти ҷомеа, тарғиби дастовардҳои шоистаи даврони соҳибистиқлолӣ, бахшида ба 110 - солагии нахустин рӯзномаи тоҷикии “Бухорои Шариф” ва Рўзи матбуоти тоҷик бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter