Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ АЪЗАМ АЛИЗОДА БАХШИДА БА ИДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “НАВРӮЗ -2022”

21.03.2022 12:30

 

        Ҳамдиёрони азиз!

       Ҳамаи Шумо ва тамоми сокинони мамлакатро ба фарорасии Иди байналмилалии Наврӯз ва Соли нави аҷдодӣ аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатию умри дароз, файзу баракати рӯзгор, бахту иқболи наврӯзӣ ва тамоми шодию нишоти рӯйи ҷаҳонро таманно дорам.

       Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Боиси ифтихори мардуми куҳанбунёди тоҷик аст, ки ба шарофати истиқлолу озодӣ Наврӯз – ин ҷашни ниёгони соҳибфарҳанги мо эҳё гардида, мазмуну моҳияти нав пайдо карда, ҳоло ба яке аз беҳтарин ойинҳои мардуми мамлакат табдил ёфтааст.

         Наврӯз дар масири таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ марҳалаҳои бисёр мушкилу пурпечутобро аз сар гузаронидааст.

        Аммо аҷдоди шарафманди мо бо вуҷуди монеаву мушкилоти зиёд Наврӯзро на танҳо ҳамчун мероси муқаддаси гузаштагони худ ҳифз кардаанд, балки онро ба сифати ойини башардӯстонаву офаранда ба дигар халқҳои дунё ба таври шоиста муаррифӣ намудаанд.

        Аз ин рӯ, Наврӯз на танҳо ҷашни оғози сол ва эҳёи табиат, балки таконбахши андешаи таҳаммулгароӣ, ваҳдату сарҷамъии инсоният ва дар айни замон омили тақвиятдиҳандаи ифтихори миллии мо мебошад.

        Эҳёи суннат ва ойинҳои наврӯзӣ дар замони имрӯза, яъне даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамчун паёми мардуми куҳанбунёди тоҷик ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ба оламиён мақоми байналмилалӣ гирифтааст”.

       Воқеан, бо ҳидояту ибтикор ва талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз бо тамоми арконаш эҳё шуда, дувоздаҳ сол пеш аз ин ҷашни ҷаҳонӣ шуд. 

     Дар даврони Истиқлолият иди фархундаи Наврӯз ба сифати ҷашни созандагию бунёдкорӣ, пайғоми бахту саодат, навиди сулҳу субот ва талош барои фардои дурахшони кишвар ҳаёти моро мазмуну таровати нав мебахшад. Ҳамон тавре, ки дар Паёми имсолаи табрикотии наврӯзии Пешвои муаззами миллат омадааст: “Ҷашни Наврӯз, ки имрӯзҳо дар диёри биҳиштосои мо таҷлил мегардад, пайвандгари замонҳо, нигаҳдорандаи суннатҳои волои ниёгон, решапайванди наслҳо, бозгашт ба асли хеш ва эҳёи беҳтарин расму ойин ва анъанаҳои миллиамон мебошад.”

      Наврӯзи замони Истиқлолият пайки ваҳдату амният, ҷашни ифтихори ватандорию ватандӯстӣ ва ҳувияти миллии мардуми Тоҷикистон аст.

      Мардуми шарифи Тоҷикистон бо баҳрамандӣ аз файзу сафои Баҳору Наврӯз на танҳо манзилу маъво, хонаву дар ва кӯчаву маҳаллаи худро тозаву озода менамоянд, балки ботину зоҳири худро низ аз кинаву адоват, хушунату бадбинӣ пок месозанд ва бо чеҳраи шоду оғӯши пурмеҳр ҳамдигарро истиқбол менамоянд. Яъне Наврӯз ҷашни одамият, инсонпарварӣ ва бузургдошти мақоми инсон мебошад. 

      Ҷашни Наврӯз, ҳамзамон бо тамоми маъно иди кишоварзону барзгарон ва заркорону деҳқонон мебошад. Баробари таҷлили иди Наврӯз бобои деҳқон бо умеди ризқу рӯзии фаровон ба замин дона мепошад, то ки дастархони мардуми кишвар пурфайз гардад. 

      Саховатмандию дасткушодӣ, аз ҷумлаи суннатҳои волои ҷашни Наврӯз буда, дар рӯзҳои таҷлили он дастгирии оилаҳои муҳтоҷу камбизоат, аёдати пирону барҷомондагон ва навозиши ятимон аҷру савоби бузург дорад. Бовар дорам, ки саховатмандону соҳибкорони ҳимматбаланди ноҳия дар рӯзҳои ҷашн бештар хайру сахо менамоянд.

        Наврӯзи соли 2022 барои мардуми Тоҷикистон марҳилаи омодагӣ ба таҷлили ҷашнҳои фархундаи 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи шонздаҳуми тақдирсози Шӯрои Олӣ мебошад. Ҳамчунин дар оғози соли равон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2021-2026-ро “Солҳои  рушди саноат” эълон намуда, Фармони худро барои таҷлили шоистаи Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар соли 2026 ба тасвиб расониданд. Кору пайкори созанда ва меҳнати суботкорона ба истиқболи ҷашнҳои фархунда ҳаёту зиндагии моро бо ҳам пурсаодат ва кишвари маҳбубамонро ободу зебо ва пешрафта мегардонад. Бо назардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон ҳамаи мо масъул ва вазифадор ҳастем, ки барои ҳифзу оромӣ, сулҳу субот ва амнияту ваҳдати миллӣ аз сидқи дил саҳми шоистаи худро гузорем. Барои омода кардан ва сафарбар намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳеҷ чизро дареғ надорем. Чунки Ватани моро фақат худи мо ва ҷавонони далеру диловарӣ мо ҳимоя ва ободу зебо мегардонанд.

      Дар Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олӣ дурнамои рушди ҳамаи самтҳои ҳаёти мамлакат муайян карда шуданд. Бинобар ин, мову шуморо лозим аст, ки бо таҷлили Наврӯзи дилафрӯз барои татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат, вазифагузориҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз сидқи дил талош намуда, барои ободии диёр ва фардои пурсаодати фарзандон пайваста саҳми шоистаи худро гузорем. Ҳар лаҳзаи умри худро ғанимат донем. 

     Тавре, ки дар Паём омадааст: “мо бояд аз соҳибдавлату соҳибватан буданамон доим шукрона кунем, ҳамеша ҳушёру зирак ва сарҷамъу муттаҳид бошем. Мо бояд ҳамеша босабру таҳаммул бошем, ҳамдигарро ҳамеша дастгирӣ кунем, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат ғамхорӣ намоем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия кунем”

      Бори дигар ҳамаи Шуморо ба фарорасии ҷашни фархундаи Иди байналмилалии Наврӯз шодбош гуфта, бароятон тансиҳатию умри дароз ва тамоми хушиҳои оламро таманно дорам. Бигзор, ҳар рӯзатон Наврӯз ва Наврӯзатон фирӯзу фархунда бод!

         Иди Наврӯз муборак!




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter