Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

БА БЕМОРХОНАИ МАРКАЗИИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ МОШИНИ ЁРИИ ТАЪҶИЛИИ МУОСИР ТАҚДИМ ГАРДИД

31.03.2022 09:32

 

30 марти соли равон бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба Беморхонаи ноҳияи Мастчоҳ як мошини ёрии таъҷилии муосир бо тамоми таҷҳизоти лозимӣ дастрас гардид.  Ин мошини ёрии таъҷилӣ сохти давлати Кореяи Ҷанубӣ буда, дар дохилаш дастгоҳу таҷҳизоти замонавии тиббӣ, аз қабили сабти барқии дил (ЭКГ), дефиблятор (дастгоҳи барқии таҳрикдиҳандаи кори дил), дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ бо ду балони оксиген ва ғайра насб шуда, кафолати беҳтару бештари хизматрасонии тиббӣ таъмин гардидааст.

Мошини ёрии таъҷилӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ тақдим гардидааст.

Тавре дар суҳбат сартабиби беморхонаи марказии ноҳия Сиёвуш Мирзоев гуфт, ин кумаку дастгириҳои Вазорати тандурустӣ барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии аввалияи тиббӣ ба сокинони ноҳия пешбинӣ шуда, кори табибону дардмандонро хеле осон мегардонад.

“Мо табибони ноҳия хеле хушҳолем, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳати тандурустии кишвар, хусусан хизматрасонии аввалияи тиббӣ рӯз аз рӯз рӯ ба беҳбудӣ ниҳода истодааст. Имрӯз ба шуъбаи ёрии таъҷилии беморхонаи мо як мошини ёрии таъҷилӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ аз ҷониби Вазорати тандурустии кишвар тақдим кардид, ки акнун кори табибон ва дардмандонро бисёр осон мекунад. Мо – табибони ноҳия, барои ин амали хайр ба раиси ноҳия муҳтарам Аъзам Ализода ва вазири тандурустӣ муҳтарам Ҷамолиддин Абдуллозода барои дастгириҳояшон сипосу миннатдории худро баён медорем”,- иброз дошт сартабиби ноҳия Сиёвуш  Мирзоев.

Соҳаи тандурустӣ ҳамчун соҳаи муҳиму афзалиятнок дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар даврони соҳибистиқлолӣ зери таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешравиҳои зиёду назаррас ноил гардидааст.

Чанде пеш бо дастгириии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ беш аз 60 номгӯи таҷҳизот, доруворӣ ва дигар воситаҳо барои муоилаҷаи беморон дастрас гардида буд.


Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ





Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter